Барои осебдидагони сели Дарвоз хонаҳои нав сохтанд

Мақомоти Вилояти Бадахшони Тоҷикистон мегӯянд, ки сохтмони манзил барои зарардидаҳои селоб дар ноҳияи Дарвоз 95 дарсад анҷом шуда, дар зудтарин фурсат сокинон ба ҳавлиҳои нав мекӯчанд. Умед Носирзода, муовини аввали раиси ноҳияи Дарвоз 16-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар маҳаллаи нав ва амни ҷудошуда барои иқомати сокинони зарардида дар мавзеи Яхч, 21 ҳавлӣ сохта шуд. Вай гуфт, ки ҳамзамон барои фарзандони ин деҳаи зарардида як мактаби миёнаи дорои 6 синфхона барои 180 талаба ва як бунгоҳи тиббӣ низ сохта мешаванд.

Ҷаноби Носирзода дар посух ба ин савол, ки оё ҷасади се нафари ғарқшуда дар кӯли сунъие, ки дар пайи селоб ба вуҷуд омадааст, пайдо шуданд ё не, гуфт, ки ҳарчанд ҷустуҷӯи онҳо то ҳол идома дорад, вале талошҳо ҳамчунон бенатиҷа мебошад. "Ҳамарӯза сокинони деҳаҳои атроф ва наҷотдиҳандагони КҲФ соҳилҳои рӯдхона ва кӯли пайдошударо аз назар мегузаронанд, аммо то ҳол ҷасади ин се нафар пайдо нашудааст".

Ёдовар мешавем, ки бар асари боришоти зиёд ва омадани сел аз самти Афғонистон дар рӯзҳои 8 ва 9-уми июли имсол маҷрои дарёи Панҷ дар ҳудуди рустоҳои Хостав ва Ширговади ноҳияи Дарвоз баста шуда, дар ҳарду деҳа беш аз бист манзил ва тақрибан як километр роҳ зери об монда буд.