Мақоми панҷуми Ҷаҳонгир Маҷидов дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Чили 

Ҷаҳонгир Маҷидов, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасони то 18-сола, ки дар пойтахти Чили -- шаҳри Сантяго -- ҷараён дорад, мақоми панҷумро касб кард.

Вай рӯзи 11-уми август дар рақобатҳо дар вазни зери 81 кило рақобат намуд. Ҷаҳонгир, ки дар даври аввал озод буд, дар даврҳои баъдӣ бар рақибонаш Намҳун Ли (Кореяи Ҷанубӣ) ва Музаффарбек Тӯрабоев (Узбакистон) ғолиб шуда, ба нимфинал баромад. Вале ӯ дар даври ниманиҳоӣ аз Еуген Матвеисиус (Молдова) мағлуб гашт. Ҷаҳонгир дар мубориза барои медали биринҷӣ аз Серикболсин Шинтас (Қазоқистон) шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми панҷумро соҳибӣ кард.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон дар Сантяго паҳлавони ҷавони тоҷик Ҷамолиддин Абдуллоев рӯзи 10-уми август медали биринҷӣ ба даст овард. Вай дар рақобатҳо дар вазни зери 66 кило пас аз се пирӯзӣ бар рақибонаш Чинг Лонг Овен Вонг (Ҳонконг), Маркос Сантос (Бразилия) ва Петру Пеливан (Молдова) дар қувваозмоии чаҳорумаш аз Марк Ҳристов (Булғористон) мағлуб шуд. Ҷамолиддин дар мубориза барои медали биринҷӣ аввал бар Иван Кукита (Аргентина), сипас бар Байрам Кандемир (Туркия) дастболо гардид.

Дар вазни зери 66 кило боз як намояндаи Тоҷикистон - Разиаллоҳ Лоиқов - рақобат кард. Вале ӯ дар даври муқаддамотӣ аз Ранто Катсура (Ҷопон) шикаст хӯрд.

Паҳлавони дигари тоҷик Қурбоналӣ Бозоров, ки дар рақобатҳо дар вазни зери 60 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар Алеҷандро Ретамал аз Чили дастболо шуд. Вале ӯ баъдан аз Нурзод Салимбоеви қазоқ мағлуб гашт ва аз ҳаққи идомаи мубориа барои медалҳо маҳрум шуд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон панҷ варзишгар дохил аст. Намояндаи охирин- Эмомризо Қурбонов - имрӯз, 12-уми август, дар рақобатҳо дар вазни зери 90 кило дар даври аввал бо Акрам Буранов (Узбакистон) рақобат мекунад.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон дар Чили 428 варзишгар (230 писару 198 духтар) аз 64 кишвар иштирок дорад. Баъди натиҷагирии се рӯзи мусобиқа дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 9 медал (3 тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) дар мақоми аввал аст. Русия бо касби 4 медал (2 тилло ва 2 биринҷӣ) дар мақоми дувум ва Олмон бо касби 4 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) дар мақоми севум қарор доранд. Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ дар байни 64 кишвар мақоми 19-умро касб кардааст.

Бояд тазаккур дод, мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни наврасон, ки дар ҳар ду сол доир мешавад, барои бори панҷум баргузор шудааст. Чаҳор мусобиқаи пешин дар Будапешт (2009), Киев (2011), Майами (2013) ва Сараево (2015) доир шуда буд.

Ёдовар мешавем, соли 2015 Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни наврасон дар пойтахти Босния ва Ҳерзеговина – шаҳри Сараево - ҳашт варзишгар (шаш писару ду духтар) намояндагӣ карда буд. Аз байни онҳо танҳо Хуршед Маҷидов соҳиби медал шудааст. Вай дар рақобатҳо дар вазни беш аз 90 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гашта буд. Зимнан, ин нахустин медали варзишгарони тоҷик дар риштаи ҷудо дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон ба шумор меравад.