Таъсиси хазинаи вижа барои ҳимояти журналистон дар Тоҷикистон
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Тоҷикистон бо дастгирии молии Институти “Ҷамъияти кушода”-и Бунёди Мадад дар кишвар тарҳи нави "Ёрии ҳуқуқӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма (ВАО)" роҳандозӣ шудааст. Шоира Давлатова, раҳбари созмони ҷамъиятии "Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон" ва масъули иҷрои тарҳ рӯзи 11-уми август гуфт, ҳадафи аслии тарҳ расондани ёрии ҳуқуқӣ ба намояндагони расонаҳост.