Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасони то 18-сола, ки рӯзҳои 9-13 август дар пойтахти Чили – шаҳри Сантяго - баргузор мешавад, ширкат меварзанд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон панҷ варзишгар дохил аст: Қурбоналӣ Бозоров (вазни зери 60 кг), Разиаллоҳ Лоиқов, Ҷамолиддин Абдуллоев (ҳарду вазни зери 66 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг) ва Эмомризо Қурбонов (-90 кг).
Чунонки вебсайти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон дар Чили ширкати 441 варзишгар (писарону духтарон) аз 68 кишвар дар назар аст.
Бояд тазаккур дод, мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни наврасон, ки дар ҳар ду сол баргузор мешавад, барои бори панҷум барпо мегардад. Чаҳор мусобиқаи пешин дар Будапешт (2009), Киев (2011), Майами (2013) ва Сараево (2015) доир шуда буд.
Мусобиқаи панҷуми қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни наврасон, ки дар Сантяго то рӯзи якшанбеи 13-уми август идома хоҳад кард, дар чаҳор рӯзи аввал аз рақобатҳои инфиродӣ иборат аст. Ҳаррӯз ғолибону ҷоизадорон дар чаҳор вазн (ду вазн миёни писарон ва ду вазн миёни духтарон) маълум мешаванд. Рӯзи охирин сабқати дастаӣ барпо мегардад.
Ёдовар мешавем, соли 2015 Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни наврасон дар пойтахти Босния ва Ҳерзеговина – шаҳри Сараево - ҳашт варзишгар (шаш писару ду духтар) намояндагӣ карда буд. Аз байни онҳо танҳо Хуршед Маҷидов соҳиби медал шудааст.
Вай дар рақобатҳо дар вазни беш аз 90 кило пас аз се ғалаба бар рақибонаш аз Муғулистон, Булғористон ва Хорватия, дар даври ниманиҳоӣ аз Камол Каитови русиягӣ шикаст хӯрд. Ӯ барои ҷойи севум бар Игнас Мекаҷуси латвиягӣ ғолиб омад ва бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Зимнан, ин нахустин ва ягона медали варзишгарони тоҷик дар риштаи ҷудо дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон ба шумор меравад.
Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасон дар Чили коршиносони соҳа аз бародари хурдии Хуршед Маҷидов – Ҷаҳонгир - ба даст овардани медалро чашмдоранд. Зеро ки ин паҳлавони 17-солаи тоҷик дар ҳамин ҳол дар рейтинг ё раддабандии ҷаҳонии ҷудо дар вазни зери 81 кило миёни наврасон (кадетҳо), ки дар сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) нашр шудааст, бо 591 имтиёз мақоми аввалро касб кардааст.
Дарвоқеъ, Ҷаҳонгир Маҷидов имсол дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни наврасон, ки моҳи июл дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек – баргузор шуд, медали тилло ба даст овард. Аз ин пеш ӯ дар Ҷоми ҷудои Аврупо байни наврасон (European Judo Union), ки моҳи апрели соли равон дар шаҳри Тулаи Русия баргузор шуда буд, мақоми аввалро касб кардааст.