Усмонзода: "Мо ҳизби мухолиф ҳастем, аммо нестем"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳизби демократи Тоҷикистон тақрибан 15 ҳазор узвашро аз пардохти ҳаққи моҳона, ки ба як фоизи маоши онҳо баробар аст, озод кард. Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва вакили порлумон, рӯзи 3-юми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки қарор аст, то охири имсол дар сохтори раҳбарии ҳизб низ тағйирот сурат гирад.