Дар миёни боздоштшудаҳои Петербург тоҷикон ҳастанд ё не?

То ҳол маълум нашудааст, ки дар миёни 7 нафари боздоштшуда аз зодагони Осиёи Марказӣ дар шаҳри Санкт-Петербург оё шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, ё не. Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 29-уми июл гуфтанд, то кунун мақомоти Русия дар мавриди боздошти кадом шаҳрванди кишвар дар Петербург маълумот пешниҳод накардаанд.

Рӯзи 28-уми июл расонаҳои Русия аз боздошти 7 шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Санкт-Петербург хабар доданд. Матбуот гуфт, ин боздоштҳо аз тарафи нирӯҳои ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия сурат гирифтааст.

Яке аз боздоштшудаҳо

Дар як навори видеоӣ, ки аз ҷараёни амалиёти ФСБ қисса мекунад, як нафари боздоштшуда бо лаҳни шикастаи русӣ гуфт, ки ҳадафашон садама дар роҳи оҳан буд.

Масъулони ниҳодҳои амниятии Русия иброз доштанд, ки ба хотири халал ворид накардан ба ҷараёни тафтишот аз эълони номи боздоштшудагон худдорӣ мекунанд.

Баъд аз амали терориристии моҳи апрел дар метрои Петербург, ки 15 нафарро қурбон кард, мақомоти ҳифзи тартибот 10 танро бо гумони даст доштан дар ҳамла боздошт карданд. Бародарон Акрам ва Аброр Азимовҳо, ки тафтишот онҳоро тарҳрези ҳамлаи метро медонад, гуфтанд, ки то "боздошти расмӣ" дар зиндони махфии Хадамоти амнияти Русия шиканҷа шуданд.