Каримзода: Барои ёрӣ ба камбизоатон 80 миллион сомонӣ ҷудо шуд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аз моҳи ноябри имсол ҳамаи хонаводаҳои камбизоат дар Тоҷикистон аз ҳукумати кишвар барои ҳар як узви оила 100 сомонӣ кумак дарёфт хоҳанд кард. Ба ин манзур дар буҷети Тоҷикистон бо машварати Иттиҳоди Аврупо ва ёриҳои молии шарикон 80 миллион сомонӣ ихтисос шудааст. Ин кумакҳо дар се моҳ як бор расонда мешавад.