Идомаи мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баъди танаффуси якмоҳа 29-уми июл бо бозиҳои даври чордаҳум идома меёбад. Рӯзи шанбе ду бозӣ баргузор мешавад.

Дар варзишгоҳи ба номи Уктам Маматови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дастаи мизбон - «Панҷшер» - бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода рақобат мекунад. Зимнан, ин аввалин бозии “Регар-ТадАЗ” таҳти раҳбарии Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев пас аз ба вазифаи сармураббии даста таъин шудани ӯ мебошад.

Инчунин 29-уми июл ССКА «Помир»-и Душанбе бо «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бозӣ мекунад. Дар ин дидор ССКА “Помир” мизбон аст, вале бозӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор мешавад. Зеро ки бозии хонагии давраи аввалро «Вахш» муқобили ССКА “Помир” дар Душанбе гузаронида буд.

Рӯзи якшанбе, 30-юми июл, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ки ҳайаташро бо бархе аз бозигарон пурзӯр кардааст, дар майдони худ бо «Ҳосилот»-и Фархор вориди рақобат мешавад. Дарвоқеъ, ҳайати “Ҳосилот”-ро, ки аз аввали мавсим бо мушкили молӣ рӯбарӯст, ҳамаи бозигарони асосӣ тарк кардаанд. Дар бозиҳои боқимонда дар ҳайати “Ҳосилот” футболбозони ҷавони даста бозӣ мекунанд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, боз як бозии даври чордаҳум миёни дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Истиқлол»-и Душанбе, ки бар асоси тақвими мусобиқа 30-юми июл баргузор мешуд, ба муҳлати дертар гузаронида шудааст. Сабабаш иштироки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Сочии Русия мебошад, ки ҳайати дастаро аслан бозигарони “Барқчӣ” ташкил медиҳанд.

Бояд тазаккур дод, мусобиқаи имсола миёни дастаҳои лигаи олӣ дар шакли нав сурат гирифтааст. Мусобиқа аз се давра иборат аст ва ҳар як даста ҳамагӣ 21 бозӣ анҷом медиҳад. Бар асоси дастури мусобиқа дастае, ки дар зинаи охирин, яъне ҳаштум қарор мегирад, лигаи олиро тарк менамояд. Дастае, ки мақоми пеш аз охирин, яъне ҳафтумро соҳиб мешавад, барои нигоҳ доштани мавқеаш дар лигаи олӣ бо ҷоизадори нуқраи лигаи аввал ду бозӣ анҷом хоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол дастаи “Истиқлол”, ки дар 13 бозӣ 33 имтиёз ба даст овардааст, дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. Шогирдони Мӯҳсин Муҳаммадиев дар 10 бозӣ пирӯз шуда, се бозиро бо натиҷаи мусовӣ анҷом додаанд. Зимнан, “Истиқлол” ягона дастаест, ки то ҳоло ба мағлубият дучор нашудааст.

Дастаҳои «Хуҷанд» ва ССКА «Помир», ки нисбат ба пешсаф 12 имтиёз камтар гирифтаанд, мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум ҷойгир шудаанд. Дастаи «Барқчӣ» бо 16 имтиёз ҷойи чаҳорумро касб кардааст.

Дар байни нишонзанҳо ҳамлагари «Истиқлол» Манучеҳр Ҷалилов, ки 13 гол задааст, дар ҷойи аввал мебошад. Ду ҷойи баъдиро ҳамлагарони «Хуҷанд» Дилшод Бозоров (7 гол) ва Фарҳод Тоҳиров (6 гол) аз они худ кардаанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон . Лигаи олӣ. Даври 14-ум

29 июл (шанбе)

Оғози бозиҳо - соати 17:30

«Панҷшер» – «Регар-ТадАЗ»

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

Ҷалолиддини Балхӣ, варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов

ССКА «Помир» – «Вахш»

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор»

30 июл (якшанбе)

Оғози бозӣ - соати 17:30

«Хуҷанд» – «Ҳосилот»

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

13

10

3

0

42-7

33

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

13

6

3

4

21-12

21

3

ССКА «Помир» (Душанбе)

13

5

6

2

9-7

21

4

«Барқчӣ» (Ҳисор)

13

4

4

5

9-15

16

5

«Ҳосилот» (Фархор)

13

4

3

6

13-22

15

6

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

13

3

5

5

9-14

14

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

13

3

2

8

16-28

11

8

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

13

2

4

7

8-22

10

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 13 тӯб, Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 7 тӯб, Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд») – 6 тӯб.