Малайзия ва Индонезия – мизбонони қаҳрамонии Осиё миёни наврасону ҷавонон

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) макони баргузории марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2018 миёни наврасони зери 16-сола ва ҷавонони зери 19-соларо эълон кард.

Мусобиқаи 18-уми қаҳрамонии Осиё-2018 миёни наврасони зери 16-сола аз 20-уми сентябр то 7-уми октябри соли оянда дар Малайзия баргузор мешавад. Дар мусобиқаи интихобӣ, ки аз 16-ум то 29-уми сентябри соли равон барпо мегардад, 45 даста дар ду минтақа – Ғарбӣ (23) ва Шарқӣ (22) – рақобат мекунад.

Аз рӯи қуръакашӣ 10 гурӯҳ ташкил шуд. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар гурӯҳи «В» бо ҳамсолони худ аз Умон, Сурия, Туркманистон ва Молдив вориди рақобат мешавад. Бозиҳои интихобӣ дар ин гурӯҳ аз 16-ум то 24-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор хоҳанд шуд.

Бояд тазаккур дод, мунтахаби наврасони Тоҷикистон ду бор - солҳои 2006 ва 2008 - ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ ёфтааст. Дар мусобиқае, ки соли 2006 доир шуда буд, футболбозони навраси тоҷик бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштаанд.

Мусобиқаи 40-уми қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони зери 19-сола аз 18-уми октябр то 4-уми ноябр дар Индонезия барпо мегардад. Дар мусобиқаи интихобӣ 43 даста дар ду минтақа – Ғарбӣ (22) ва Шарқӣ (21) – дар 10 гурӯҳ барои роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоӣ мубориза мебарад.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар сабқати интихобӣ бо тимҳои Узбакистон, Бангладеш, Шри-Ланка ва Молдив рақобат мекунад. Бозиҳои интихобӣ аз 31-уми октябр то 8-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор хоҳанд шуд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон се бор – солҳои 2006, 2008 ва 2016 – ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё роҳхат гирифтааст. Беҳтарин натиҷаи футболбозони ҷавони тоҷик роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии қаҳрамонии Осиё-2016 дар Баҳрайн мебошад.

Бояд гуфт, ки ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва 5 дастаи беҳтарини ҷойҳои дувумро ишғолкарда ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 миёни наврасони зери 16-сола ва ҷавонони зери 19-сола роҳ меёбанд.