Аз адибони муосир киро медонед? "Шириншоҳ, Мастер Исмоил ва Абада"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз роҳгузарони хиёбонҳои шаҳри Душанбе пурсид, ки аз шоирону нависандагони муосири тоҷик киро медонанд ва осори киро мехонанд? Бархе аз роҳгузарон аз Мирзо Турсунзодаву Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Гулназар ва Озарахш ном гирифтанд. Дар ин қатор онҳое низ буданд, ки номи қаҳрамони халқи тоҷик Шириншоҳи Шоҳтемур ва реэпсарои маъруф Мастер Исмоилро ба забон оварданд. Ҷавоби дигаронро аз ин навори видео бинед ва фикру пешниҳоди худро ба мо бинависед.