Чин бо 230 миллион доллар барои вакилони тоҷик бино месозад

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомоти тоҷик гуфтанд, ки Маҷмаа ё бинои нави порлумони Тоҷикистон на бо сармояи Арабистони Саудӣ, балки бо 230 миллион доллар грант ё кумаки бебозгашти Чин бунёд хоҳад шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки Арабистони Саудӣ харҷи сохтмони бинои нави порлумонро дар маркази Душанбе пардохт мекунад.