Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба Фаластин расид

Ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон, ки дар доираи омодагии даста ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018, дар шаҳри Ал-Айни Имороти Муттаҳидаи Араб нӯҳ рӯз идома кард, 16-уми июл ба анҷом расид.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар шоми якшанбе аз фурудгоҳи Дубай ба шаҳри Уммони Урдун парвоз карда, аз онҷо бо автобус тавассути марзи Исроил ба шаҳри Ҳеврони Фаластин расиданд.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 (U-23), ки аз 19 то 23 июл дар Ҳеврон барпо мегардад, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» бо дастаҳои Фаластин (19 июл), Бангладеш (21 июл) ва Урдун (23 июл) рақобат мекунад.

Дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё (U-23), ки аз 9 то 27 январи соли 2018 дар Чин доир хоҳад шуд, ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва 5 дастаи ҷойҳои дувумро ишғолкарда аз рӯи нишондодҳои беҳтарин ширкат меварзанд.

Бояд гуфт, ки мунтахаби Чин дар мусобиқаи интихобӣ берун аз озмун иштирок мекунад. Агар Чин дар гурӯҳи худ мақоми аввалро касб намояд ва ё дар байни панҷ дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум қарор бигирад, онгоҳ дастаи шашум,ки дар мусобиқаи интихобӣ ҷойи дувумро мегирад, соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 мешавад.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22):

Дарвозабонҳо: Фатҳулло Бобоев («Ҳосилот»), Беҳрӯз Хайриев («Барқчӣ»), Дилшод Додобоев («Хуҷанд»);

Ҳимоятгарон: Табрези Давлатмир («Истиқлол»), Азимҷон Раҳмонов («Вахш»), Фирдавс Чақалов, Зоир Ҷӯрабоев (ҳарду – ССКА «Помир»), Зиёвуддин Фузайлов, Ваҳдат Ханонов (ҳарду – «Барқчӣ»), Доробҷон Эргашев («Регар-ТадАЗ»), Ойбек Абдуғаффоров («Ҳосилот»), Фаррух Фузайлов («Панҷшер»);

Нимҳимоятгарон: Нозим Бобоҷонов («Баҳрайн», Баҳрайн), Мӯҳсинҷон Парпиев, Кароматулло Саидов (ҳарду – «Барқчӣ»), Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), Муҳаммадҷони Ҳасан («Ҳосилот»), Вайсиддин Сафаров («Сомон»), Далер Умаров, Худойдод Узоқов (ҳарду – «Вахш»);

Ҳамлагарон: Амирҷон Сафаров, Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев (ҳарсе – «Барқчӣ»).

Сармураббӣ – Ҳаким Фузайлов.