5 кӯдаки тоҷикро аз Ироқу Сурия ба ватан оварданд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки панҷ кӯдак аз минтақаҳои таҳти назорати ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия ба кишвар оварда шудааст. Раҷабгул Ҳабибуллозода, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак, рӯзи 7-уми июл дар Душанбе гуфт, ин кӯдаконро волидонашон ҳамроҳи худ ба майдонҳои ҷанг бурда буданд.