Мунтахаби футзали Тоҷикистон бо Афғонистону Эрон рақобат мекунад

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 дар гурӯҳи “В” бо тимҳои Афғонистону Эрон рақобат мекунад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бар асоси ҳуҷҷати расмии Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 оид ба футзал дар гурӯҳи “В” аз 15-ум то 17-уми октябри соли равон дар шаҳри Табризи Эрон маргузор мешавад.

Мусобиқа бо бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Афғонистон ва Эрон 15-уми октябр оғоз меёбад. Мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро дар мусобиқаи интихобӣ 16-уми октябр муқобили тими Афғонистон анҷом медиҳад.

Сабқати интихобӣ дар гурӯҳи “В” бо бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Эрон ва Тоҷикистон рӯзи 17-уми октябр ба поён мерасад. Ду дастаи беҳтарини ин гурӯҳ ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 6-ум то 18-уми феврали соли 2018 баргузор мешавад, роҳ меёбад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 оид ба футзал. Сабқати интихобӣ

Минтақаи ҷанубӣ ва марказӣ. Гурӯҳи «В»

Макон – Табриз, Эрон.

Даври 1-ум

15 октябр (якшанбе)

Афғонистон – Эрон

Даври 2-юм

16 октябр (душанбе)

Тоҷикистон – Афғонистон

Даври 3-юм

17 октябр (сешанбе)

Эрон – Тоҷикистон