Дилшод Назаров – беҳтарин варзишгари Осиё

Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия оид ба гурзандозӣ Дилшод Назаровро беҳтарин варзишгари қора эълон кард.

Дилшод Назаров соли гузашта дар панҷ даври мусобиқоти ҷаҳонӣ ширкат карда, бо 236.37 имтиёз дар феҳристи зӯртарин гурзандозҳои ҷаҳон мақоми дувумро касб намуд. Соли гузашта ӯ дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дод ва бо медали тилло сарфароз гашт. Вай барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2015 дар шаҳри Пекини Чин мебошад.

Ҳамакнун Дилшод Назаров дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабук, ки аз 6-ум то 9-уми июл дар шаҳри Бҳубанешвари Ҳиндустон баргузор мешавад, ширкат меварзад.

Ба иттилои Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, ба ҳайати мунтахаби кишвар ба ҷуз Дилшод Назаров (гурзандозӣ), шаш нафари дигар - Даврон Атабоев (давидан ба масофаҳои 100 ва 400 метр), Кристина Пронженко (давидан ба масофаҳои 400 метр ва 400 метр бо монеа), Одилшо Исматов (давидан ба масофаи 800 метр), Алишер Пӯлодов, Азизҷон Абдуллоев (давидан ба масофаи 400 метр бо монеа) ва Григорий Дерепаскин (давидан ба масофаҳои 200 ва 400 метр) - дохиланд.

Аз байни варзишгарони тоҷик танҳо ба гурзандози машҳур Дилшод Назаров муяссар шудааст, ки се бор (солҳои 2009, 2013, 2015) ба унвони қаҳрамони Осиё мушарраф гардад.

Дилшод Назаров дар як суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, “мусобиқаи асосии имсола барои ман қаҳрамонии ҷаҳон аст, ки рӯзҳои 4-13 август дар Лондон баргузор мешавад. Кӯшиш менамоям, ки медал ба даст биёрам. Дар варзиш пешгӯӣ кардан мушкил аст, аммо умедворам, ки муваффақ мешавам.”

Рекорди инфиродии Дилшод Назаров 80 метру 71 сантиметр аст. Ӯ ба ин натиҷа се сол пеш дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Ҳаллеи Олмон ноил шудааст. Бо ин натиҷа ӯ алъон дар байни 112 нафар беҳтарин гурзандозҳои ҷаҳон дар таърихи ин риштаи олимпии варзиш дар мақоми 72-юм қарор дорад.

Юрий Седих, узви дастаи мунтахаби Иттиҳоди Шӯравии собиқ, бо 86,74 метр дар мақоми аввал аст. Ин натиҷаро ӯ 30 августи соли 1986 дар Штутгарти Олмон ба даст овардааст.

Дар байни беҳтарин гурзандозҳои ҷаҳон, инчунин варзишгари машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев, қаҳрамони Олимпиадаи соли 1992 дар Барселонаи Испания, бо натиҷаи 83,46 метр дар ҷойи дувоздаҳум қарор дорад. Ӯ ин натиҷаро 26 майи соли 1990 дар Сочи нишон додааст.