Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё, ки аз 30-юми июн то 2-юми июл дар пойтахти Узбакистон – шаҳри Тошканд – баргузор шуд, ҳамагӣ 28 медал (5 тилло, 7 нуқра ва 16 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Дар ин бора Маҳмуд Абдуллоев, ноиби аввали президенти Иттиҳоди самбои Осиё ва раиси кумисюни доварони қора, имрӯз, 3-юми июл, ба Радиои Озодӣ аз шаҳри Тошканд хабар дод. Вай гуфт, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ миёни наврасону навҷавонон, мардону занон дар Тошканд беш аз 350 варзишгари наздики 20 кишвар иштирок карданд.
Дар рақобатҳо оид ба самбои варзишӣ байни мардон Акмалиддин Каримов дар вазни 57 кило, Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни 68 кило ва Мубориз Мунавваров дар вазни 74 кило ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Инчунин, Сомон Сангов дар вазни 52 кило ва Ҷаҳонгир Авазов дар вазни 65 кило миёни наврасон бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.
Панҷ нафар – Умед Ҳасанбеков дар вазни 90 кило миёни мардон, Абдумаҷид Нуралиев дар вазни 81 кило ва Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 87 кило байни наврасон, Сӯҳроб Исматов дар вазни 57 кило ва Абдулҳамид Муҳибов дар вазни беш аз 100 кило байни навҷавонон – барои ҷойҳои дувум дар сабқати самбои варзишӣ ба гирифтани медалҳои нуқра мушарраф гардиданд. Боз ду медали нуқраро ба мунтахаби Тоҷикистон дар сабқати самбои размӣ Табрезшо Парпишоев дар вазни 74 кило ва Фаридун Одилов дар вазни 90 кило оварданд.
Дар сабқати самбои варзишӣ понздаҳ нафари дигар – Давлатшоҳ Давлатов (56 кг), Фаррух Ҳалимов (60 кг), Диловар Холов (75 кг), Вайсиддин Соибов (87 кг) миёни наврасон, Аминҷон Холов (48 кг), Умедҷон Муҳиддинов (62 кг), Саидҷони Ҳайдар (68 кг), Субҳиддин Шамсиддинов (70 кг), Алӣ Шарифов дар вазни (74 кг), Меҳрнӯши Иззатшо (82 кг) байни навҷавонон, Азиза Азизова (80 кг) миёни занон, Ҷомии Ҳасан (52 кг), Нозимҷон Охиров (62 кг), Зафар Олимшоев (82 кг), Шамшод Абдуллоев (100 кг) байни мардон - барои ҷойҳои севум ба гирифтани медалҳои биринҷӣ ноил шуданд.
Инчунин Фирдавс Фозилбеков дар мусобиқаи самбои размӣ дар вазни 82 кило соҳиби мадали биринҷӣ гардид.
Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Тоҷикистон пас аз дастаҳои Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон мақоми чаҳорумро касб кард.