Олмон бо шикаст додани Чили ғолиби Ҷоми Конфедератсияҳо шуд

Дастаи мунтахаби футболи Олмон, ки дар бозии ниҳоӣ бар тими Чили бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд, барои аввалин бор барандаи Ҷоми Конфедератсияҳо гардид. Бозии ниҳоии Ҷоми Конфедератсияҳо шаби якшанбеи 2-юми июл дар «Санкт-Петербург Арена» -варзишгоҳи нави бошгоҳи «Зенит»-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд.

Мунтахаби Чили аз дақиқаҳои аввали бозӣ ташаббусро ба даст гирифт. Вале дарвозабони олмониҳо Марк-Андре тер Штеген пас аз зарбаи Артуро Видал аз масофаи дур тӯбро баргардонд. Бозигари дигари чилигиҳо Эдуардо Варгас низ лаҳзаи хуби голзаниро аз даст дод.

Мунтахаби Олмон дар дақиқаи 20-ум муваффақ гашт. Нимҳимоятгари чилигиҳо Марсело Диас дар ҷаримагоҳи дастааш тӯбро гум кард, ҳамлагари олмониҳо Тимо Вернер тӯбро ба Ларс Штиндл равона кард, ки ӯ бе мамониат онро ба тӯри дарвоза зад.

Дар нимаи бахши дувуми бозӣ ҳимоятгари дастаи Амрикои ҷанубӣ Гонсало Хара бо зонуи дасташ ба ҷоғи Вернер зарба даст. Сардовар Милорад Мажич аз Сербия пас аз тамошои бозпахши ин лаҳза ба Хара корти зард дод. Дар дақиқаи 84-ум чилигиҳо боз аз як лаҳзаи хеле хуби голзанӣ истифода карда натавонистанд. Анхело Сагал, ки дар охири дидор ба майдон омад, аз масофаи наздик тӯбро хато зад.

Аз рӯи натиҷагирии Ҷоми Конфедератсияҳо капитани мунтахаби Олмон Юлиан Дракслер беҳтарин бозигари мусобиқа эътироф гашт. «Бутсии тиллоӣ» — ҷоизаи беҳтарин нишонзани мусобиқа – ба ҳамлагари олмониҳо Тимо Вернер, ки се гол задааст, супурда шуд. Клаудио Браво, аз дастаи мунтахаби Чили, соҳиби ҷоизаи беҳтарин дарвозабони Ҷоми Конфедератсияҳо гардид.

Бояд тазаккур дод, олмониҳо барои севумин бор дар Ҷоми Конфедератсияҳо ширкат карданд. Аз ин пеш натиҷаи беҳтаринашон мақоми севум дар мусобиқаи соли 2005-ум дар Олмон буд. Он сол мунтахаби Олмон барои медалҳои биринҷӣ тими миллии Мексикаро дар замони изофӣ бо ҳисоби 4:3 шикаст дода буд.

Дар мусобиқаи имсолаи Ҷоми Конфедератсияҳо дар Русия мунтахаби Португалия, ки дар замони изофӣ бар тими миллии Мексика бо ҳисоби 2:1 (замони асосӣ – 1:1) ғолиб омад, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд.