Хабарнигорони варзишӣ дар Душанбе ҷамъ омаданд

Хабарнигорони тоҷик, ки дар бораи варзиш менависанд, рӯзи 2-уми июл дар Душанбе ҷамъ омаданд.

Бо ибтикори Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ ҳамасола 2 июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ таҷлил мегардад.

Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (International Sports Press Association, AIPS) ҳамчун ташкилоти байналмилалии касбии журналистон 2 июли соли 1924 дар Париж таъсис ёфтааст. Маҳз ин рӯз ҳамчун иди касбии хабарнигори варзишӣ аз соли 1995 таҷлил мешавад. Дар айни ҳол иттиҳодияҳои миллии хабарнигорони варзишии беш аз 160 кишвари ҷаҳон, аз он ҷумла Тоҷикистон, аъзои AИПС мебошанд.

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ), ки 25 январи соли 2001 дар шаҳри Душанбе дар конфронси муассисон таъсис ёфтааст, моҳи марти соли 2011 дар Конгресси 74-уми АИПС дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ ба узвияти Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ пазируфта шудааст.

Ба иттилои раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов, аҳдофи аслии АЖРВТ рушди журналистикаи варзишӣ, тарғиби тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад.

- Инчунин АЖРВТ ба баландшавии дараҷаи касбии хабарнигорони варзишии ҷумҳурӣ мусоидат мекунад. Дар айни ҳол беш аз 70 нафар хабарнигорон ба узвияти Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон қабул шудаанд, - мегӯяд Нарзулло Латифов.

Журналистикаи варзишӣ дар ҳаёти ҷомеаи муосир нақши муҳим мебозад. Варзиш на танҳо мавриди таваҷҷуҳи умум ва завқи мардум, инчунин омили муҳими тарбияи ҷавонон, мустаҳкамшавии саломатии одамон ва муносибатҳои байнидавлатӣ гардидааст. Он ба ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо, таҳкими дӯстӣ ва сулҳ мусоидат мекунад.

Хабарнигорони варзишӣ, ки дар анбӯҳи рӯйдодҳо қарор гирифта, дар бораи мушкилиҳои тарбияи ҷосмонӣ ва варзиш нақл мекунанд, барои ҳалли онҳо низ мусоидат менамоянд.