Гург дар Шуғнон як кӯдаки 3-соларо кушт

Акс аз бойгонӣ

Дар ноҳияи Шуғнон имрӯз 2-уми июл кӯдаки сесолаеро дафн карданд, ки дар натиҷаи ҳамлаи гурги дарранда ба ҳалокат расид. Сокинони рустои Имоми ноҳия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки рӯзи 1-уми июл гурӯҳе аз кӯдакон дар дохили русто ба бозӣ машғул будаанд, ки гурге ба онҳо дарафтодааст.

“Се кӯдак бозӣ доштаанд, ки гург ба онҳо ҳуҷум карда ва Маҳмадназари 3-соларо аз гулӯяш гирифтааст” – гуфт мусоҳиби Радиои Озодӣ. Ба гуфтаи ӯ, баъди доду фарёди кӯдакони дигар ҳамсоя аз ҳодиса бохабар шуда ва барои раҳоии кӯдак талош кардааст, аммо бенатиҷа. Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд: “Гург кӯдакро тақрибан 100 метр кашола карда бо худ бурдааст ва ба гӯлу ва шикамаш ҷароҳати сахт расондааст”.

Яке дигар аз сокинони рустои Имом даргоҳ, ки дар маросими дафни кӯдаки хурдсол ҳузур дошт, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки волидони кӯдак муҳоҷирати корӣ дар Русия ҳастанд.

Рустои Имом дар ноҳияи Шуғнон, яке аз рустоҳои дурдасти кӯҳӣ дар Вилояти Худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ дар Тоҷикистон аст ва сокинонаш мегӯянд, ки зимистони имсол, теъдоди гургҳои гурусна дар рустои онҳо зиёд шуд.

Зимистони соли гузашта, ҳамлаи гургҳо ба чорвои мардум дар Бадахшон зиёд ба мушоҳида расид, аммо бори аввал аст, ки як кӯдак ва дар фасли тобистон аз захми дандони гург ҳалок мешавад.


БО РАСИДАНИ ҶУЗЪИЁТИ БЕШТАР ГУЗОРИШ ТАКМИЛ МЕШАВАД

АГАР ШУМО ҲАМ АЗ ДАР БОРАИ ИН ҲОДИСА МАЪЛУМОТ ДОРЕД, ЛУТФАН АЗ ТАРИҚИ ВАЙБЕР, ИМО ВА Ё ВОТСАПП БА МО НАВИСЕД. ШУМОРАИ МО: +420 724 053 959