Манбаъ: "Санҷиши харҷи пулҳои буҷет дар сохтмонҳои Душанбе ба поён расид"

Бинои собиқи шаҳрдории Душанбе

Тафтиши “истифодаи пулҳои буҷет” барои сохтмони биноҳо дар пойтахт аз тарафи маъмурони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба поён расидааст. Як манбаи муътамад дар ин ниҳод рӯзи 1-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки хулосаи тафтишот ба зудӣ ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод мешавад. Вале ӯ ба далели халал нарасондан ба кори тафтишот ва, ҳамин тавр, баҳси масъала дар ҳукумат тафсилоти бештарро ошкор накард.

  • Дар дафтари матбуоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ ё такзиб накарда, гуфтанд, ки рӯзи душанбе "шарҳ хоҳанд дод".
Баъд аз як моҳи ин тағйирот президент Эмомалӣ Раҳмон низ дар ҷаласае бо ҳузури фаъолон ва раҳбарияти пойтахт аз мақомоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хост, ки санҷиши “истифодаи пулҳои буҷет” барои сохтмони биноҳо дар Душанберо то 1-уми июл ба охир расонанд.

Масъалаи тафтиши харҷи пулҳои буҷет дар сохтмонҳои шаҳри Душанбе, бахусус дар тарҳҳои бузурге ба мисли маркази тандурустии “Истиқлол”, бинои “Душанбе-Плаза” ва “Манзили дастрас”, баъди барканории Маҳмадсаид Убайдуллоев аз мақоми раиси пойтахт садо дод. Абдукарим Зарифзода, муовини раиси Оҷонсии зиддифасод, дар нишасти хабарии рӯзи 27-уми январ гуфт, ки дахлу харҷи шаҳрдорӣ дар ду сол як бор тафтиш мешуд ва навбати баъдӣ ба моҳи майи соли 2018 рост меомад. Аммо ӯ гуфт, дар пайи муроҷиати шаҳрдори нави пойтахт ва як гурӯҳ аз сокинон санҷиши навбатӣ барвақттар шурӯъ шудааст.

Убайдуллоев дар аввали моҳи январи имсол аз шаҳрдории Душанбе барканор шуд ва ба ҷояш Рустами Эмомалӣ, писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, таъин гардид. Баъд аз як моҳи ин тағйирот президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласае бо ҳузури фаъолон ва раҳбарияти пойтахт аз мақомоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хост, ки санҷиши “истифодаи пулҳои буҷет" барои сохтмони биноҳо дар Душанберо то 1-уми июли имсол ба охир расонда, ҳукуматро аз натиҷаи он расман огоҳ кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ӯ дар ҳамин ҷаласа барои тақвияти фикраш гуфт, дар давоми 10 соли ахир ва дар пайи 800 тафтишу санҷиш, ба маблағи умумии 159 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст. “Истифодаи ғайриқонунии маблағҳо асосан дар самти иҷрои корҳои сохтмон ошкор гардидаанд ва яке аз ин сохторҳо - Раёсати сохтмони асосии шаҳр аст”, - гуфт оқои Раҳмон.

Аз ҷумла, чунин мушкилот, ба қавли президент, дар иҷрои тарҳи сохтмони иншооти Маркази тандурустии “Истиқлол” ва бинои “Душанбе-Плаза” ошкор шудааст.

Манобеи мо мегӯянд, ки ба ҷараёни санҷиши харҷи пулҳои буҷет дар сохтмонҳои Душанбе муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон низ ҷалб гардида, воқеан, онҳоро тайи тақрибан ду моҳ дар бемористони “Истиқлол” дидаанд. Як мусоҳиби мо дар бемористони “Истиқлол”, ки ӯ ҳам ба далели ҳассос будани мавзӯъ нахост номаш бурда шавад, рӯзи якуми июл гуфт, “муфаттишони додситонӣ аз моҳи март то майи имсол дар бемористон харҷи пулҳои буҷетро санҷиданд.”

Бинои Маркази тандурустии "Истиқлол"

Бахусус ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, дар пайи санҷиш муфаттишон изофанависӣ барои харидани чанд дастгоҳи тиббиро ҳам ошкор кардаанд. “Моҳи март муфаттишони Додситонии кулл омада, муҳосиботро пурра тафтиш карданд. Онҳо муайян намуданд, ки дар ҳуҷҷатҳои муҳосибот чандин дастгоҳ гӯё харида шудааст, вале дар асл дастгоҳҳо дар беморхона нестанд. Аз ин ҳисоб ҳудуди 400-500 ҳазор сомонӣ камбуд ошкор шуд. Ҷузъиёти дигараш феълан барои мо ҳам дастрас нест”, - гуфт манбаъ.

Ҳамин манбаъ мегӯяд, дар пайи тафтишот сартабиб Каримхон Қурбонов, сармуҳосиб Раҷабалӣ Худойқулов ва сардори раёсати кадрҳои бемористони “Истиқлол” низ аз кор барканор шудаанд. Тақдири ин се нафар барои мо рӯшан нест. Талошҳо барои тамос бо онҳо ё афроди наздик ба онҳо низ дар рӯзи шанбе бенатиҷа буд.

Дар замоне ки тафтиши фаъолияти шаҳрдорӣ ва истифодаи пулҳои буҷет дар баъзе сохтмонҳои пойтахт ҷараён дошт, моҳи апрел Додгоҳи шаҳри Душанбе Саидшариф Анваров, сардори собиқи Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ё УКС-ро бо гуноҳи аз худ кардани пули сохтмони шифохонаи “Истиқлол” ва пешниҳоди ришва 18 сол аз озодӣ маҳрум кард. Додгоҳ Анварови 65-соларо, инчунин, ба пардохти 9 миллион сомонӣ ҷуброн муваззаф намуд.

Саидшариф Анваров ва ҳафт тани дигар, ки дар сохтмони Маҷмааи тандурустии "Истиқлол" ширкат доштанд, соли гузашта боздошт шуданд. Онҳо, дар маҷмӯъ, барои аз худ кардани 18 миллион сомонӣ (муодили ду миллион доллар) пули буҷа ва пешниҳоди 448 ҳазор доллар ришва айбдор гардиданд.

То ҳол раҳбарияти пешини ҳукумати шаҳри Душанбе ва афроди наздик ба онҳо ӯ дар бораи ин қазияҳо суҳбат накардаанд. Коршиносон мегӯянд, чунин тафтишҳо бояд сари чанд вақт ва дар ҳамаи ниҳодҳо гузаронда шавад. То ба гуфтаи онҳо, чунин тафтишҳо баъди барканории афроди шинохта, боис ба сарусадои зиёд нагардад.