Низомиёни Ироқ аз ишғоли масҷиди Мавсил хабар доданд

Ироқ- Масҷиди ал- Ҳадба, ки онро ДИИШ хароб кард. 27 июни соли 2017

Низомиён Ироқ мегӯянд, онҳо харобаҳои масҷиди шинохтаи Мавсилро, ки гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" ҳафтаи гузашта нобуд карда буд, аз ин гурӯҳ бозпас гирифтанд.

Генерал-Лейтенант Абдул Ваҳҳоб ал-Саъдӣ гуфт, ки гурӯҳи вежаи сарбозони ироқӣ, рӯзи 29 июн, тавассути охирин минтақаи таҳти назорати ДИИШ дар Шаҳри Кӯҳна, ба маҷмааи масҷиди бузурги ал-Нурӣ ворид шуданд ва кӯчаҳои атрофи онро низ таҳти назорат гирифтанд.

Рӯзи 21 июн ҷангиёни ДИИШ ин масҷид ва манори намодии онро, ки 800 сол пеш бунёд шудааст, мунфаҷир карданд.

Ин ҳамон масҷидест, ки моҳи июли соли 2014 раҳбари гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" Абубакр ал-Бағдоди барномаи бунуёди "хилофат"аш дар Сурияву Ироқро дар он эълон карда буд.

Бо гузашти се сол, ҳоло макони будубоши Ал Бағдодӣ маълум нест ва ДИИШ бахши бузурги қаламравҳои таҳти назораташро аз даст дод.

Як дипломати аршади Русия рӯзи 22 июн гуфт, ки раҳбари ДИИШ эҳтимолан дар пайи зарбаҳои ҳавоии Русия кушта шудааст. Аммо эътилофи таҳти назари ИМА, ки бо гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ мубориза мебарад, гуфт, ки далели зинда ва ё мурда будани Бағдодӣ мавҷуд нест.