Зиндагии Самир ва фарзандонаш дар иморати нотамом

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Самир Ҷобиров, як сокини шаҳри Душанбе, бо ҳамсару се фарзандаш чанд сол боз дар як иморати нотамом, воқеъ дар маҳаллаи атрофи бинои Додситонии кули Тоҷикистон, зиндагӣ мекунад. Ӯ гуфт, ба далели дасткӯтаҳӣ то ҳол натавонистааст фарзандони худро ба мактаб фиристад. "Писарам бояд ба синфи панҷ ва духтарам ба синфи се бираванд, аммо рафта наметавонанд", - нақл кард Самир. Давоми зиндагии Самиру хонаводаашро дар навор бибинед.