Тоҳиршоҳу Зойиршоҳ Мирзоевҳо, ду бародари маъюб, барои ба по хестани худ ба кумак ниёз доранд. Онҳо дувоздаҳсолаанд ва аз замони таваллуд ба ин тараф боре мустақилона роҳ нагаштаанд. Зойиршоҳ дар синфи панҷум мехонад ва танҳо бо кумаки наздикон каме ба по рост меистад, вале Тоҳиршоҳ аслан аз ин имкон маҳрум будааст.
Ҳар рӯз бо ман даст ба гиребон мешаванд, ки ҳама роҳ гашта метавонанд, онҳо – не.
Пизишкони Русия ба волидони ин ду наврас гуфтаанд, ки бемориашон табобатшаванда аст, аммо пулу вақти зиёд мехоҳад. Чизе, ки ин хонавода надорад.
Бунафша Назарова, модари Тоҳиршоҳу Зойиршоҳ, рӯзи 23-юми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки нуқс дар бадани фарзандонаш аз хурдӣ вуҷуд дошт ва онҳо солҳои ахир ба табобат пардохтанд. Ин хонавода се сол пеш манзили зисташонро дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, ки охирин сарпаноҳашон буд, фурӯхта, маблағашро ба табобат сарф карданд. Ҳоло ин хонавода дар Душанбе дар як манзили иҷора ба сар мебарад.
"Мо тамоми дороии худро барои табобат дар кишвар сарф кардем, вале ба ҷое нарасидем, ҳарчанд каме беҳбудӣ мушоҳида мешавад. Аммо як сол пеш табибони рус гуфта буданд, ки ҳар кадомашро дар ивази 200 ҳазор рублӣ табобат хоҳанд кард. Мо мехоҳем бо ёрии наздикону мардум фарзандонро барои табобат ба Русия барем", - гуфт Бунафша Назарова.
150 сомонӣ барои як навраси маъюб барои чанд рӯз кифоят мекунад. Чун ба доруву дармони бештар ниёз дорад
Ӯ афзуд, "ҳар рӯз бо ман даст ба гиребон мешаванд, ки ҳама роҳ гашта метавонанд, онҳо – не. Зойиршоҳ бисёр вақт дар мактаб мемонад ва ман гирифта меорам. Ба Тоҳиршоҳ як аробачаи маъюбӣ дода буданд, ки касе аз даромадгоҳи хона дуздидааст”, - афзуд ӯ.
Бунафша Назарова се фарзанд дорад. Сумая духтари оила ба боғча меравад ва ҳеч нуқси ҷисмӣ надорад. Падари хонавода Намозалӣ Мирзоев бо мошине, ки як хеши наздикаш барои чархондани аробаи зиндагӣ ба вай додааст ба таксиронӣ машғул аст. Ягона даромади онҳо аз ҳамин пули таксӣ ва 300 сомонӣ нафақаи ду кӯдаки маъюб аст.
“150 сомонӣ барои як навраси маъюб барои чанд рӯз кифоят мекунад. Чун ба доруву дармони бештар ниёз дорад”, - гуфт Бунафша Назарова. Модари Тоҳиршоҳу Зойиршоҳ гуфт, “ба Вазорати тандурустӣ ҳам рафта гуфтам, ки барои нигоҳубини инҳо ба ман ёрӣ кунед, пул ҷудо кунед, дар қонун гуфта шудааст. Аммо нест мегӯянд. Ман ин фарзанди маъюбамро бардошта мегардам, ки сол то сол вазнин мешаванд. Лекин ҳеҷ ёрие аз вазорат накарданд”.
То ҳол мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар бораи қазияи бародарон Тоҳиршоҳу Зойиршоҳ чизе нагуфтаанд.
Волидон мегӯянд, бо ин вазъ ҳанӯз умедро аз даст надодаанд ва тамоми имконотро барои беҳбуди вазъи саломати фарзандон истифода мекунанд. Бунафша Назарова, модари Тоҳиршоҳу Зойиршоҳ гуфт, “дар ноҳияи Ваҳдат ҳам дида буданд. Гуфтанд, ки бояд чаҳор сол табобат гиранд. Ҳарчанд шароит надорем, вале тамоми талоши худро ба харҷ медиҳем.”
Онҳое, ки мехоҳанд ба ин хонавода ёрӣ кунанд:
Шаҳри Душанбе, кучаи Борбад 86, хонаи 16.
Телефонҳо:
+992 938381177, +992 988948320, +992 935434360