Чойҷӯш аз "гилза". Осори ҷанг дар ҳар хонаи деҳаи Қавоқ

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тирҳои холии тӯпхонаҳои замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон беш аз 20 сол боз дар деҳаи Қавоқи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҳаммарз бо Афғонистон нақши асбоби рӯзгорро мебозанд. Мардум аз “гилза”-и тӯпҳо, ки фулузоти мустаҳкам доранд, барои худ зарфи чойҷӯшонӣ, бухорӣ ва ҳатто косаи хамиршӯрӣ сохтанд.