Шавҳари зани ҳомилае, ки худкушӣ кард, боздошт шуд

Алифмоҳ Худойназарова

Муҳаммадзариф Шарифов – шавҳари Алифмоҳ Худойназарова, сокини шаҳри Норак, ки рӯзи 13-уми июн худро ба дарёи Вахш андохта ва худкушӣ кардааст, боздошт шуд. Мақомоти шаҳри Норак рӯзи 15-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки алайҳи Шарифов бо иттиҳоми “ба худкушӣ расондан” ва “бисёрҳамсарӣ” парванда боз гардидааст. “Таҳқиқи ҳодиса ва ҷустуҷӯи ҷасади Алифмоҳ идома дорад. Муҳаммадзариф Шарифов дар боздошт аст ва дар сурати комил шудан, парванда барои баррасӣ ба додгоҳ фиристода мешавад”, - афзуд манбаъ.

Аз зиндагии писарамон ва мушкилаш бо ин духтар огоҳ нестем, чун солҳои охир равуо намекард ва занашро ҳам боре ба хонаи мо наоварда буд.

Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, ҳоло кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулода ба ҷустуҷӯи ҷасад машғул буда, намояндагони додситонӣ ва умури дохилӣ сабабҳои ба ин ҳолат расидани Алифмоҳ Худойназароваро таҳқиқ доранд.

Наздикони Алифмоҳ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки духтарашон ҳамсари дувуми Муҳаммадзариф Шарифов буда, дафъаҳои ахир аз фишори зиёди равонӣ азият доштааст. Нозанин Бобиева, модари Алифмоҳ Худойназарова, гуфт, ки духтараш асосан дар манзили онҳо ба сар мебурд ва ҳар замон шавҳараш ӯро бо худ мебурд ва дубора меовард.

Нозанин Бобиева

Вай мегӯяд, ҳоло хоҳишашон ин аст, ки ҷадсаи Алфимоҳ ҳарчӣ зудтар пайдо ва ба хок супруда шавад. “Он вақт диламон каме ором мегирад. Инчунин, аз мақомоти тафтишотӣ ва додгоҳ мехоҳем, ки ҳангоми баррасии қазия ба шавҳари духтарам ҷазои сазовор бидиҳанд”, - афзуд ӯ.

Хонаводаи Муҳаммадзариф Шарифов аз шунидани ин хабар дар ҳайрат афтодаанд. Иброҳим Шарифов, падари Муҳаммадзариф ва сокини маҳаллаи Лоҳутии ҷамоати Пули Сангин, гуфт, ки “рости гап, аз зиндагии писарамон бо ин духтар огоҳ нестем, чун солҳои охир равуо намекард ва занашро ҳам боре ба хонаи мо наоварда буд. Ҳамсари аввалааш рус аст. Мо доим орзу мекардем, ки арӯси тоҷик бигирад, вале аз зиндагии онҳо ва мушкилашон хабардор набудем.”

Алифмоҳ Худойназарова, сокини 29-солаи деҳаи Лангари шаҳри Норак, ки ба қавли наздиконаш интизори ба дунё омадани тифл буд, худро ба дарёи Вахш партофтааст. Мақомот гуфтанд, ки ҳодиса баъд аз зуҳри 13-уми июн дар наздикии нирӯгоҳи барқи обии Норак иттифоқ афтод. ​Файзулло Ҳусейнов, сардори Идораи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Норак, рӯзи 14-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “бо сабаби боло будани сатҳи оби дарё пайдо кардани ҷасад то ҳадде ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст”.

Ҳодисаҳои худкушӣ ё қасди худкушӣ дар миёни занон дар Тоҷикистон нав нест. Ваҳшатноктарин ҳодиса – худкушии Зӯҳро Маҳмуродова – сокини деҳаи Қибили шаҳри Норак дар якуним соли пеш буд. Ин зан ҳамроҳ бо 4 фарзанди ноболиғаш рӯзи 5-уми феврали соли гузашта худро ба дарёи Вахш афканд. Ин ҳодиса ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод. Тафтишот баъдан маълум кард, ки Зӯҳро бо хонаводаи шавҳараш мушкил дошта ва сабаби аслии аз зиндагӣ дасту дил шустани ӯ – азият дар хонаводаи ҳамсар будааст.

Иброҳим Шарифов

Масъалаи худкуширо созмонҳои мудофеи ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон хеле ҷиддӣ ва нигаронкунанда меноманд ва мегӯянд, ки дар аксар ҳолат хушунати хонаводагӣ сабаби ин ҳодисаҳо мешавад. Соли гузашта дар Тоҷикистон 327 ҳодисаи худкушӣ ва ё талоши худкушӣ сабт шудааст, ки 168 нафари онҳо зан будаанд.