Тавлиди тилло дар Покрут ба ҳолати пешин бармегардад

Як ширкати чинӣ, ки дар Тоҷикистон ба истихроҷи маъдан ва тавлиди тилло машғул аст, мегӯяд, баъди тармаи моҳи феврал ҳанӯз ҳам коркарди маъдан ва тавлиди тиллоро аз сар нагирифтааст ва мумкин аст, истеҳсол то моҳи октябр ба ҳолати оддӣ баргардад.

Баёнияи ширкат дар ин бора ҳафтаи гузашта нашр шуд. Ширкати China Nonferrous Gold Ltd ва ё СNG эълон кард, роҳ ба сӯи кон, ки дар натиҷаи тарма баста шуд, аз барфу гил пок карда шудааст ва ҳаракати нақлиётро ба самти он дигарбора барқарор карданд. Таъмири бахше аз биноҳои корхона, ки бар асари тарма осеб дидаанд, идома дорад. Вале обе, ки ба нақбҳои кон ворид шуд, ҳанӯз берун кашида нашудааст ва барои ҳамин мумкин аст, корхона то охири моҳи ноябри имсол бо қудрати комил ба тавлиди тилло шурӯъ кунад.

Барфи зиёде, ки моҳи феврал дар маҳҳали кону атрофи он борид, сабаби резиши тарма ва лағжиши хок шуд ва сето хати баландшиддати нерӯи барқ зери тарма монда вайрон шуданд. Иншооти асосӣ дар корхона ба мисли хатти коркард ва тиллогудозӣ осеб надидаанд.

Корхонаи мазкурро моҳи июни соли 2016 бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба истифода доданд ва дар он бештар аз 900 нафар кор мекунанд. Покруд ягона ширкати истихроҷи тилло дар Тоҷикистон аст, ки ҳамаи саҳмияҳояш ба Ҷумҳурии Мардумии Чин тааллуқ доранд.

Азбаски дар Тоҷикистон омор дар бораи истеҳсоли тиллоро махфӣ медоранд, нақшаи Покруд барои истеҳсоли тилло дар соли 2017 эълон нашудааст, аммо ширкати “Сhina Nonferrous Gold Limited”, гуфтааст, ки дар марҳилаи аввал дар як сол то 2 тонна тилло тавлид мекунад ва қарор аст, соли 2018 ҳаҷми истеҳсол ба 4 тонна бирасад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ифтитоҳи корхонаи истихроҷи тиллои Покруд