"Ғаффор Мирзоев гуфт, ки ҳеҷ вақт ба халқу давлат хиёнат накардааст"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ғаффор Мирзоев, замоне яке аз бонуфузтарин генералҳои тоҷик, гуфтааст, иттилои расонаҳо дар бораи инки яке аз ҷурмҳои ӯ "хиёнат ба давлат" аст, воқеият надорад. Вай аз дохили зиндон паём додааст, ки ҳаргиз бо моддаи 305-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “хиёнат ба давлат” айбдор нашудааст. Оиша Мирзоева, хоҳари Ғаффор Мирзоев, рӯзи 31-уми май паёми бародари зиндониашро ба Радиои Озодӣ расонд.