59%-и сигоркашҳои Тоҷикистон гуфтаанд, ки мехоҳанд тарки одат кунанд. ВИДЕО

Акс аз бойгонӣ

Як назарсанҷӣ дар Тоҷикистон нишон додааст, ки 59 дар сад аз афроди сигоркаш мехоҳанд, “дар ояндаи наздик” тарки одат кунанд. Назарсанҷӣ дар миёни беш аз ҳазор нафар аз тарафи Маркази таҳқиқотии “Зеркало” анҷом шуда ва натиҷааш рӯзи 30-юми май эълон гардид.

Саидҷон Давлатов, роҳбари гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ, гуфт, дар тарҳи нави қонун синни харидорони сигор аз 18-сола боло муқаррар шудааст.

Раҳмат Давлаталиев, сокини 38-солаи кишвар, мегӯяд, ҳабдаҳ сол боз сигор мекашад ва ҳоло дар фикри “партофтанаш аст”. “Бори аввал дар Маскав сигор кашидам, ки ба фикри ман натиҷаи таблиғаш буд. Ҳоло мехоҳам, зудтар бас кунам. Ҳис мекунам, сигоркашӣ рӯз то рӯз ҳоламро бад мекунад”, - афзуд ӯ.

Давлаталиев гуфт, аз тарафи дигар харҷи зиёди сигор ҳам намегузорад, ки ба ин одаташ идома бидиҳад. Сигоркашӣ дар баробари истифодаи нос дар Тоҷикистон як одати маъмулист. Назарсанҷии маркази “Зеркало” ҳам мегӯяд, тақрибан даҳ дар сади пурсидашудаҳо гуфтаанд, то 12-солагӣ ва ҳудуди 34 дар сади дигар гуфтаанд, ки аз 16 то 20-солагӣ ба кашидани сигор оғоз намуданд.

Видео:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

59%-и пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки тарки сигор мекунанд

Игор Поканович, раҳбари намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, рӯзи 30-юми май гуфт, дар маҷмуъ, 17 дар сади калонсолони кишвар сигоркашанд. Ин намояндаи Созмони ҷаҳонии тардурустӣ гуфт, Тоҷикистон дар тақсими ҳудудии ин созмон ба минтақаи Аврупо дохил мешавад ва, ба қавли ӯ, ҳамасола дар ин минтақа якуним миллион нафар бо шумули шаҳрвандони Тоҷикистон аз сабаби сигоркашӣ мемиранд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо ҳадафи пурзӯр кардани мубориза бо сигоркашӣ тарҳи нави қонуни “Маҳдудияти истифодаи маҳсулоти тамоку”-ро ба ҳукумат фиристодааст. Саидҷон Давлатов, роҳбари гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ, рӯзи 30-юми май гуфт, дар тарҳи нави ин қонун синни харидорони сигор аз 18-сола боло муқаррар шудааст. Илова бар ин, дар тарҳи нави қонун ибораи “ҷойҳои ҷамъиятӣ” гирифта шуда, ҷойҳои манъи сигоркашӣ дақиқ гардидаанд.

Саидҷон Давлатов

Давлатов гуфт, “дар тарҳи нав истифодаи маҳсулоти тамоку, аз ҷумла чилим ва нос дар бино, муассисаҳои динӣ, иттиҳодияҳои динӣ, муассисаҳои ғизои умумӣ – тарабхона, ошхона, чойхона, қаҳвахона, меҳмонхона ва хобгоҳҳое, ки дар он одамон зиндагӣ мекунанд, майдончаи бозии кӯдакон, нақлиёте, ки дар он кӯдакони то 16-сола ҳузур доранд, даромадгоҳи биноҳои истиқоматӣ, лифтҳо, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва бинову иншооти дигаре, ки барои одамон дастрас мебошанд, манъ шудааст”.

Сигор ба Тоҷикистон умдатан аз кишварҳои Қирғизистон, Куриёи Ҷанубӣ, Русия ва Қазоқистон ворид шуда, нархи миёнаи сигори воридотӣ 9 ва сигори маҳаллӣ 2 сомонӣ аст. Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, дар се моҳи аввали имсол ба кишвар ба маблағи тақрибан 190 ҳазор доллари амрикоӣ сигор ва маҳсулоти дигари тамоку ворид шудааст.

Дар Тоҷикистон низ ду фабрикаи тавлиди сигор – яке дар шаҳри Хуҷанд ва дигаре дар пойтахти кишвар фаъоланд.