Сӯҳроб Боқиев, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки дар Ҳонконг ҷараён дорад, мақоми панҷумро касб кард. Вай имрӯз, 26 май, дар рақобатҳо дар вазни зери 60 кило баъди се пирӯзӣ бар Чон Ҳу Лио (Макао), Янг Вей Янг (Тайван) ва Ёнг Нам Пак (Кореяи Шимолӣ), дар даври ниманиҳоӣ аз Наоҳиса Такато (Ҷопон) мағлуб гашт. Баъдан Сӯҳроб барои медали биринҷӣ аз Мӯҳриддин Тилавов (Узбакистон) шикаст хӯрд.
Дар вазни зери 60 кило Наоҳиса Такато (Ҷопон), ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Муҳаммад Рашнонажод (Эрон) ғолиб омад, ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт ва бо медали тилло сарфароз гашт. Рашнонажод бо медали нуқра мукофотонида шуд. Ёнг Нам Паки кореягӣ ва Мӯҳриддин Тилавови узбакистонӣ барандагони медалҳои биринҷӣ гардиданд.
Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонконг имрӯз варзишгари дигари тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни зери 73 кило пас аз ду пирӯзӣ бар Шатлук Ҷумъаниёзов (Туркманистон) ва Мирзоҳид Фармонов (Узбакистон) дар даври севум аз Сайинҷиригала (Чин) мағлуб шуд. Хоҷазода муборизаро барои медал идома дод, вале аз Муҳаммад Муҳаммади Боримонлу (Эрон) шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб кард.
Ду намояндаи дигари Тоҷикистон – Хушқадам Хусравов ва Саидмухтор Расулов – дар даврҳои муқаддамотӣ ноком шуда, аз идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд. Хусравов дар вазни зери 66 кило дар нахустин қувваозмоияш бар Чун Синг Чуй (Ҳонконг) ғолиб омад, вале баъдан аз Бектур Рисмамбетов (Қирғизистон) шикаст хӯрд. Расулов бошад, дар вазни зери 73 кило пас аз пирӯзӣ дар даври аввал бар Тити Кумпапан (Тайланд), дар даври баъдӣ аз Батгерел Баттсетсег (Муғулистон) мағлуб шуд.
Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонконг 244 варзишгар (140 мард ва 104 зан) аз 28 кишвар ширкат дорад.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Фахриддин Раҳимов ҳафт гуштигир дохиланд: Сӯҳроб Боқиев (-60 кг), Хушқадам Хусравов (-66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Саидмухтор Расулов (-73 кг), Садр Боев (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Саидҷалол Саидов (-100 кг).
Дар рӯзи дувуми мусобиқа - 27 май - се варзишгари тоҷик - Садр Боев, Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов – вориди рақобат мешаванд. Боев дар вазни зери 81 кило дар нахустин қувваозмоияш бо Лояд Деннис Катипон аз Филиппин рақобат мекунад. Аввалин рақиби Устопириён дар вазни зери 90 кило Алдикан Ғанам мебошад, ки ӯ таҳти парчами Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) ба майдон меояд. Саидов аввалин рақобаташро бо ғолиби ҷуфти Ҳусейн Шоҳ (Покистон)/Ҷун Занг (Чин) анҷом медиҳад.
Ҷадвали мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё, Ҳонконг-2017
26 май
Қувваозмоиҳои пешакӣ: занон:-48,-52,-57,-63 кг; мардон:-60,-66,-73 кг
Қувваозмоиҳои ниҳоӣ, маросими супурдани медалҳо.
27 май
Қувваозмоиҳои пешакӣ: занон:- 70, - 78, +78 кг; мардон: -81, -90, -100, +100 кг
Қувваозмоиҳои ниҳоӣ, маросими супурдани медалҳо.
28 май
Қувваозмоиҳои пешакӣ миёни дастаҳо: занон ва мардон
Қувваозмоиҳои ниҳоӣ миёни дастаҳо: занон ва мардон, маросими супурдани медалҳо.
Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки моҳи апрел дар пойтахти Узбакистон - Тошканд - баргузор шуда буд, паҳлавони номдори тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 килограмм ҳамаи рақибонашро шикаст дод ва соҳиби медали тилло гардид. Комроншоҳ дар даврҳои муқаддамотӣ бар Иёл Салмон Ҳамад аз Урдун ва Автар Сингҳ аз Ҳиндустон ғолиб омад. Ӯ дар даври ниманиҳоӣ бар Шералӣ Ҷӯраеви узбакистонӣ ва дар қувваозмоии ниҳоӣ бар намояндаи Ҷопон Юсуке Кобаяши пирӯз гашт. Зимнан, Комроншоҳи Устопириён нахустин намояндаи Тоҷикистон аст, ки дар таърихи ҷудои тоҷик ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфтааст.
Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Тошканд ҳашт гуштигир дохил буд, ки ҳама дар сабқати мардон рақобат намуданд. Ба ҷуз Комроншоҳи Устопириён, се нафар - Шӯҳратҷони Фархизода (-73 кг), Саидҷалол Саидов (-100 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг) – ҷойҳои ҳафтумро соҳиб шуданд. Вале чаҳор гуштигири дигари тоҷик - Умед Абдураҳимов (то 66 кг), Кароматулло Ҳакимов (то 73 кг), Фарҳод Раҳимов ва Саидҷамол Алимардонов (ҳарду - то 81 кг) дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.
Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба ин намуди олимпии варзиш сар аз соли 1966 доир мешавад ва варзишгарони тоҷик дар тӯли солҳои ширкати худ дар ин мусобиқоти қитъавӣ ҳамагӣ 14 медал – 1 тилло, 5 нуқра ва 8 биринҷӣ – ба даст овардаанд.