Афви Байналмилал аз Тоҷикистон хост, вакилонро озор надиҳад

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Созмони Афви Байналмилал мегӯяд, ки мақомоти тоҷик “ҳамлаи беамон”-ро алайҳи вакилони мудофеъ, ба вижа онҳое, ки аз мунтақидон ҳимоят мекунанд, аз сар гирифтаанд. Дар гузориши Созмони Афви Байналмилал, ки рӯзи 24-уми май нашр шуд, гуфта мешавад, ки вакилони мудофеъ ба монеаҳои зиёд рӯбарӯ ҳастанд.