"Эй додгоҳи хокиён..." Мӯъмин Қаноат 85-сола шуд. ВИДЕО
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мӯъмин Қаноат, шоири тавонои тоҷик, рӯзи 20-уми май 85-сола шуд. Ӯ дар адабиёти муосири тоҷик ва Иттиҳоди Шӯравии пешин бо як силсила осори пурарзиш шӯҳрат пайдо карда ва аз ҷумлаи фарҳангиёни пештози тоҷик ба шумор меравад. “Сурӯши Сталинград”, “Мавҷҳои Днепр”, “Тоҷикистон исми ман”, “Масъуднома”, “Гаҳвораи Сино” ва амсоли он аз ҷумлаи достонҳои машҳури шоир ба шумор меравад.
Мӯъмин Қаноат соли 1968 муовини авали раис ва аз соли 1978 то соли 1991 дар вазифи раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон адои вазифа кардааст. Солҳои баъдӣ Кумитаи сулҳи Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи осори хатии Фарҳангистони улуми Тоҷикистонро сарварӣ намуд. Солҳои 1996-2000 муовини Раиси ҳаракати «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон», солҳои 2001 -2011 муовини раиси Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ буд.