Мурофиаи Қадамҷон ва 5 нафари дигар дар додгоҳ. САДО

Қадамҷон Сафизода

Муҳокимаи Қадамҷон Сафизода, мудири собиқи Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи президент, рӯзи 17-уми май дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баргузор хоҳад шуд. Мақомоти додгоҳ рӯзи сешанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар баробари ӯ панҷ нафари дигар дар курсии айбдорӣ нишастаанд. Ин камсобиқатарин парвандаи марбут ба кормандони фанновариҳои компютерӣ дар Тоҷикистон аст, ки дар додгоҳ баррасӣ мешавад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Муҳокимаи корманди собиқи дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон

Мақомоти Хадамоти алоқа ва Додситонии кулли Тоҷикистон ҳозир нашуданд, ки дар хусуси ин қазия шарҳ диҳанд.

Сафизода аввали соли гузашта боздошт шуд. Баъдан мақомот гуфтанд, ки дар доираи парвандаи ӯ панҷ тани дигар – Парвиз Назаров, муовини пешини мудири “Кохи Наврӯз”, Владимир Бобоев, Зуҳайл Сангинов, Арслон Маҳкамов ва Фурқат Раззоқов – мутахассисисони ширкати “Мегафон”-ро боздошт карданд.

Онҳо бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “соҳибкории ғайриқонунӣ”, “дуздии амвол дар ҳаҷми махсусан калон”, “қасдан вайрон кардани барномаҳои электронӣ” ва “сӯистифода аз боварӣ” – муттаҳаманд. Парвандаи ин афрод беш аз як сол боз дар дасти баррасӣ буд.

Озода Раҳмон

Дар ҳамин ҳол, волидони ин шаш нафар аз Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи президент хостаанд, ки барои муҳокимаи одилонаи фарзандонашон дар додгоҳ мусоидат кунад. Онҳо иддао доранд, фарзандонашон “барои ҷиноятҳое айбдор мешаванд, ки содир накардаанд”.

Волидони гумонбарон гуфтаанд, парвандаи зидди фарзандонашон, ки дар оғоз танҳо аз рӯи моддаи "соҳибкории ғайриқонунӣ" баррасӣ мешуд, бо иловаи чанд моддаи дигар сангинтар шудааст. Волидон бо ин иттиҳомоти иловагӣ розӣ нестанд.

Қадамҷон Сафизода 14 январи соли 2012, дар ҳоле ки ҳамагӣ 30 сол дошт, ба унвони мудири Маркази иттилоотиву техникии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон таъин шуд.

Дар номаи худ ба унвонии Озода Раҳмон, волидон эътироф мекунанд, ки фарзандонашон “аз ноогоҳӣ” бо ҳадафи ба даст овардани фоидаи пулӣ ба “ҷинояти дараҷаи миёна” даст зада, зангҳои байналмилалии ширкати “Мегафон”-ро бидуни иҷозат ба зангҳои дохилӣ табдил додаанд. Ба қавли волидон, гумонбарон аз ин кор 6 ҳазору 830 доллар фоида ба даст овардаанд.

Наздикони Қадамҷон Сафизода ва панҷ нафари дигар мегӯянд, рӯзи 20 марти соли 2016 дастгоҳи онҳо аз тарафи кормандони Хадамоти алоқа ва УБОП-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мусодира шудааст. Раёсати тафтишотии ВКД ҳудуди 8 моҳ тафтишотро нисбат ба онҳо идома дода, бар асоси моддаи 259, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне "соҳибкории ғайриқонунӣ" парванда боз кард.

“Аммо мақомоти Хадамоти алоқа ба натиҷаи ин тафтишот розӣ нашуда, санҷиши қазияро ба ихтиёри Додситонии кулл супурданд. Тафтишоти навбатӣ натиҷаи санҷиши аввалияро ба даст овард. Баъдан парвандаи айбдоршавандаҳо дар моҳи августи соли 2016 ба додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт барои тасдиқ пешниҳод шуд, вале бо дастури Додситонии кулл ва талаби Хадамоти алоқа дубора баргардонда шуд. Дар ҷараёни тафтиши дубора ба парвандаи онҳо се моддаи дигар илова шуд”, - гуфт волидони яке аз гумонбарон.

Мурофиаи аввал чанд моҳ қабл баргузор шуда ва ҷонибҳо бо ҷузъиёти айбнома ошно гардидаанд.

Мақомоти Хадамоти алоқа ва Додситонии кулли Тоҷикистон ҳозир нашуданд, ки дар хусуси ин қазия шарҳ диҳанд. Котиботи додгоҳи Исмоили Сомонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 17-уми май мурофиаи навбатии парвандаи шаш гумонбар сурат мегирад. Мурофиаи аввал чанд моҳ қабл баргузор шуда ва ҷонибҳо бо ҷузъиёти айбнома ошно гардидаанд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар аввали моҳи майи соли гузашта гуфта буданд, ки ҳамроҳ бо Қадамҷон Сафизода – мудири собиқи Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон – панҷ нафари дигар боздошт шудаанд. Ба қавли манобеи Радиои Озодӣ, ин афрод дар гузашта ба ворид кардани компютер аз Чин машғул буданд.

Қадамҷон Сафизода 14 январи соли 2012, дар ҳоле ки ҳамагӣ 30 сол дошт, ба унвони мудири Маркази иттилоотиву техникии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон таъин шуд. Маркази иттилоотиву техникии Дастгоҳи президент аз муҳимтарин ниҳодҳои ин идора ҳисоб мешавад. Сафизода хатмкардаи факулати ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон буда, номзади илмҳои техникист.