“Афв”-и беш аз 100 000 муҳоҷири тоҷик дар Русия. САДО, ВИДЕО

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки аз қарори афвмуҳоҷирони кории тоҷик дар Русия 102 ҳазор нафар баҳравар шудаанд. ​Усмоналӣ Латифӣ – сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат – рӯзи 4 май ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар асоси бандҳои 4 ва 8-и моддаи 26-и қонун "Дар бораи тартиби воридшавӣ ва хориҷшавӣ аз ҳудуди Русия" муҳоҷироне, ки маҳз воридшавиашон манъ гардида буд, ҳуқуқи дубора воридшавиро ба ҳудуди Русия пайдо намуданд."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Масъули Вазорат: Роҳи баъзе муҳоҷирон ба Русия боз шуд

Баъзе аз муҳоҷирон, ки маҳз воридшавии онҳо манъ гардида буд, ҳуқуқи дубора воридшавиро ба ҳудуди Русия пайдо намуданд

"Ин рақам мутобиқи рӯйхате аст, ки аз тарафи ниҳодҳои дахлдори Русия ба мо дастрас шудааст", - гуфт Усмоналӣ Латифӣ ва афзуд, муҳоҷирон барои дақиқ кардани инки оё роҳи онҳо ба Русия боз шудааст ё на, бояд ба намояндагиҳои Хадамоти муҳоҷират ва, инчунин, вебсайти Вазорати умури дохилии Русия муроҷиат кунанд. "То ин дам 258 ҳазор шаҳрванди мо дар феҳрасти сиёҳ буданд ва ҳоло баъди афв ин рақам ба 156 ҳазор фаромадааст", - хулоса кард ӯ.

Усмоналӣ Латифӣ

Мақомоти Русия ба муҳоҷирони кории тоҷик, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави ин кишвар кору зиндагӣ доштанд, иҷоза дод, дар муддати як моҳ – аз 25 март то 24 апрели соли равон санадҳояшонро қонунӣ кунанд. Ин маърака танҳо ба муҳоҷироне дахл дошт, ки бо гузашти чанд моҳ макони буду бошашонро қонунӣ накардаанд. “Афв” онҳоеро, ки бо ҳукми додгоҳҳои Русия аз ин кишвар ихроҷ ва ё “депортатсия” шудаанд, фаро нагирифт.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

“Афв”-и беш аз 100 000 муҳоҷири тоҷик дар Русия

Аммо иҷрои қарори “афв” ба замони таркиш дар метрои шаҳри Санкт-Петербург ва, ҳамин тавр, тафтиши муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ рост омад. Мақомоти Русия дар ин таркиши рӯзи 3 апрел як зодаи 22-солаи Қирғизистонро айбдор карда, ба дунбол даҳ зодаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба иддаои онҳо як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт карданд.

Муҳаммад, як муҳоҷири тоҷик дар вилояти Иркутск, мегӯяд, қарори “афв” дар сояи ин ҳодиса тақрибан гум шуда, бархе аз муҳоҷиронро барои ҳозир шудан дар шуъбаҳои пулис дудила кард. “Муддати чанд моҳи охир бе иҷозаи расмӣ фаъолият доштам ва мехостам, аз ин афв истифода кунам. Ҳар рӯз маъмурони пулис дар гардиш буданд. Албатта, дар ягон ҷиноят шарик нестем, вале он вақт барои онҳо фарқ надошт, ки ту ҷинояткор ҳастӣ, ё не. Мумкин аст, дарди сар эҷод мекарданд”, - гуфт ин муҳоҷири тоҷик.

Дар ин қатор онҳое низ буданд, ки дар тамосҳои телефонӣ ба Радиои Озодӣ ин маъракаро як "дом" барои боздошт ва ихроҷи бештари муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия унвон карданд. Самандар, як муҳоҷири кории тоҷик аз боздоштгоҳе аз шаҳри Самараи Русия гуфт, ҳамроҳ бо ҳашт нафар дар боздоштгоҳ қарор дорад.

"Мо омадем, ки ҳуҷҷатҳоямонро дуруст кунем, вале боздоштамон карданд. Ин як дом будааст. Ҳоло қарори ихроҷамон содир шуд. Мисли мо бисёре аз муҳоҷирон дар ҳамин афв боздошт ва ихроҷ шуданд", - гуфт ӯ.

Вале бархеи дигар гуфтанд, бидуни ҳеҷ мушкил дар Идораҳои пулис дар Русия ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳояшонро анҷом доданд. Акрам, як муҳоҷири тоҷик дар Маскав, гуфт, "ман чанд нафарро медонам, ки бо ҳамин афв ба корашон дар Русия идома медиҳанд."

Имконияти якмоҳа барои сабти қонунии кору иқомати муҳоҷирон пас аз вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо Владимир Путин, президенти Русия дар моҳи феврали имсол даст дод.

Тафсилоти бештари "афв" дар инҷост