Зани тоҷик бо ҷурми узвият дар гурӯҳи ба ном "давлати исломӣ" дар зиндони Кобул
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ахиран хабарнигори шабакаи аввали Афғонистон аз зиндони занонаи Кобул зиёрат карданд. Дар ин маҳбас 900 зан бо гуноҳҳои мухталиф ва аз ҷумла терроризм нигаҳдорӣ мешаванд. Дар миёни он занҳое ки ба узвияти гурӯҳҳои даҳшатафкан гунаҳкор дониста шудаанд, шаҳрвандони собиқ шӯравӣ низ ҳастанд.