Давлаталӣ Саид масъули риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон шуд

Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон

Давлаталӣ Саид – муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон – ҳамзамон раҳбари як комиссияи вижа барои таъмини риояи ҳуқуқи инсон дар кишвар шудааст. Ин комиссия дар аввали моҳи апрели имсол дар назди ҳукумати Тоҷикистон ташкил шуда, ба ҳайаташ 18 нафар, аз ҷумла муовинони аввали раиси Додгоҳи олӣ ва Додситонии кулл шомиланд.

Дар моҳи марти имсол Вазорати умури хориҷии Амрико шеваи ҳукуматдорӣ ва беэътиноӣ ба ҳуқуқи мардум дар Тоҷикистонро танқид кард.

Ҳадаф аз таъсиси ин комиссия дар қарори расмии ҳукумат, ки дар аввали моҳи апрел содир шуда ва нусхааш дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст, дақиқ гуфта нашудааст. Аммо баъзе аз манобеи расмӣ мегӯянд, ҳукумат саъй дорад, ки “иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди кишвару созмонҳои байналмилалиро дар бахши ҳуқуқи инсон ҷиддан назорат карда ва аз ҳама гуна гузориш дар бораи бад шудани вазъи ҳуқуқи башар ҷилавгирӣ намояд”.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Вокунишҳо ба ташкили Комиссияи вижа барои риояи ҳуқуқи инсон

Бар асоси қарори ҳукумат, ин комиссия муваззаф шудааст, ки гузоришҳои Тоҷикистонро дар бораи риояи ҳуқуқи инсон ба ниҳоду созмонҳои байналмилалӣ омода карда, барои бартараф намудани камбудҳо дар ин бахш талош кунад. Тоҷикистон чанд сол қабл барои таъмини риояи ҳуқуқи инсон дар кишвар ниҳоди Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон ва дертар Омбудсмени кӯдакро таъсис дода буд. Аммо дар гузашта ин ниҳод барои бетарафӣ ба баъзе масоил, аз ҷумла боздошту зиндонӣ шудани бархе вакилони дифоъ ва аъзои ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ танқид шуда буд.

Хабарнигору таҳлилгар Иршод Сулаймонӣ мегӯяд, барои риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ирода ва садоқати қотеи ниҳодҳои давлатӣ зарур аст, вагарна ба қавли ӯ даҳ комиссияи вижа ҳам ба ин дард дармон нахоҳад шуд. Ӯ гуфт, “албатта, ташкили чунин комиссия кори хуб аст, аммо масъала танҳо аз ташкил иборат нест. Масъала ин аст, ки бояд ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон риоя шавад. Агар садоқату ирода мавҷуд бошад, ҳатто дар сатҳи Вазорати умури дохилӣ ҳам барои риояи ҳуқуқи башар муваффақ шудан мумкин аст”.

Зариф Ализода, Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Нигаронии бархе дигар аз он аст, ки ба ҳайати ин комиссия асосан намояндагони мақомоти давлатӣ шомил буда, аммо намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ роҳ наёфтаанд. Алишер Зарифӣ, хабарнигори тоҷик мегӯяд, агар ба ин ҳайат расман намояндагони ҷомиаи шаҳрвандиро низ ҳамроҳ мекарданд, то ҳадде барои шаффофияти кори онҳо бовар ҳосил мешуд.

Ахиран дар моҳи марти имсол Вазорати умури хориҷии Амрико шеваи ҳукуматдорӣ ва беэътиноӣ ба ҳуқуқи мардум дар Тоҷикистонро танқид кард. Дар гузориши Ҳуқуқи Башар дар соли 2016 таъкид шудааст, умдатарин мушкилоти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ин аст, ки мардум наметавонад, ҳукуматро аз роҳи интихоботи шаффофу одилона тағйир диҳад.

Муаллифони гузориш аз бадрафториву азияти боздоштшудагону зиндониён, таҳдид ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолони сиёсӣ нигаронӣ карда, гуфтаанд, ки ҳукумат фаъолияти матбуотро маҳдуд мекунад ва бо қатъи дастрасӣ ба саҳифаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, мардумро аз дастрасӣ ба ахбори бетарафона маҳрум месозад. Дар гузориши солонаи вазъи ҳуқуқи башари Вазорати умури хориҷии Амрико, инчунин, омадааст, ки бо вуҷуди чандҳизбӣ будани низоми сиёсии Тоҷикистон, ҳукумат чун дар гузашта соли 2016 монеи гуногунандешӣ шуд.

Мақомоти Тоҷикистон дар вокуниш гуфтаанд, ки бо ингуна арзёбиҳо дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон мувофиқ нестанд ва дар кишвар ҳуқуқи мардум ба қадри кофӣ муроот мешавад.