Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев – сармураббии дастаи "Ҳосилот"-и Фархор – рӯзи якшанбе, баъди бохти бозӣ ба ССКА “Помир”-и Душанбе (0:1), аз вазифааш истеъфо дод. Ин аввалин истеъфои сармураббии тими Лигаи олӣ дар мавсими имсолаи футболи Тоҷикистон аст. Аммо Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев рӯзи 23 апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки сабаби аслии истеъфояш ба мушкили молии даста рабт дорад.
"Бозигарони калидӣ рафтанд"
"Ҳосилот" ба мисли дастаҳои пурмухлистарин – "Равшан"-и Кӯлоб, "Далерон-Ӯротеппа"-и Истаравшан ва "Хайр"-и Ваҳдат ҳазорон ҳаводорашро хушнуд мекард. Вале имрӯз бо ин дастаҳо ҳамтақдир шуда, дар сурати ҳимояти молӣ наёфтан бо Лигаи олӣ худоҳофизӣ хоҳад кард.
"Хеле барвақт мехостам, ки аз ин мақом биравам. Чанд бор ваъда карданд, ки вазъ беҳтар мешавад, аммо нашуд ва сабр ба поён расид. Имрӯз фурсаташ буд ва ман ҳам қарорамро эълон кардам", - афзуд ӯ.
Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев мегӯяд, беш аз чаҳор моҳ боз аъзои дастаи “Ҳосилот” маош нагирифтаанд ва ба ин далел бархе аз бозигарони калидӣ, аз ҷумла Иброҳим Рабимов, Ойбек Абдуғаффоров ва легионери узбакистонӣ Сайриддин Ғаффоров, дастаро тарк намудаанд. Дар ҳайати даста, ба қавли ӯ, "аз бозигарони асосӣ ҳамагӣ 12 нафар монданд".
"Раҳбарияти ноҳия таваҷҷуҳ намекунад"
"Даста ин шабу рӯз ба ҳимояту кумаки молӣ ниёз дорад. Дар гузашта раиси собиқи ноҳияи Фархор ҳамаҷониба ба даста кумак мекард, вале раҳбарияти феълӣ ба муроҷиати масъулони даставу мухлисон бетаваҷҷуҳӣ намуд", - гуфт Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Ҳосилот" ба мисли дастаҳои пурмухлистарини "Равшан"-и Кӯлоб, "Далерон-Ӯротеппа"-и Истаравшан ва "Хайр"-и Ваҳдат ҳазорон ҳаводорашро хушнуд мекард. Вале имрӯз бо ин дастаҳо ҳамтақдир шуда, дар сурати ҳимояти молӣ наёфтан бо Лигаи олӣ худоҳофизӣ хоҳад намуд. То кунун раҳбарияти ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ва, ҳамин тавр, Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи вазъи дастаи "Ҳосилот" ва сарнавишти ояндаи он сӯҳбат накарданд.
Аз Ҷоми АФК то шикаст додани "Истиқлол"
Дастаи "Ҳосилот" таҳти раҳбарии Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев имсол барои аввалин бор Тоҷикистонро дар мусобиқаи ибтидоӣ ё пешакии Ҷоми АФК-2017 намояндагӣ кард. Ин даста 4 марти имсол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон тими “Истиқлол”-и Душанберо бо ҳисоби 2:1 шикаст дод ва барои аввалин бор Ҷоми олии футболи Тоҷикистонро соҳиб шуд.
Инчунин, “Ҳосилот” дар бозиҳои даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ пешсаф буд, аммо баъди мағлубияташ дар се бозии ахир бо тимҳои “Барқчӣ”-и Ҳисор (1:2), “Истиқлол”-и Душанбе (2:8) ва ССКА “Помир”-и Душанбе (0:1) дар ҷадвали мусобиқа бо даҳ имтиёз ба ҷои сеюм фаромад.
Парвардаи "Равшан"
Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, собиқ бозигари “Равшан”, аз соли 2001 то моҳи июни соли 2013 сармураббии дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода буд. Вале баъди анҷоми давраи аввали мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2013 "ба иллати беморӣ" аз ин вазифа рафт. Таҳти раҳбарии ӯ дастаи "Регар-ТадАЗ" ҳафт бор қаҳрамони Тоҷикистон ва се бор барандаи Ҷоми раиси КФО (Конфедератсияи футоли Осиё) гардидааст.
Баъдан ӯ сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) таъин шуд, аммо дар ин вазифа ҳамагӣ чаҳор моҳ кор кард. Вай пас аз нокомии мунтахаби ҷавонон дар Ҷоми Иттиҳод-2014 дар Санкт-Петербурги Русия аз вазифааш барканор шуд.
Муҳаммадҷон Ҳабибуллоеви 51-сола, ки футболбозон бо эҳтиром "Муаллим" ҳам номаш мебаранд, моҳи августи соли 2014 вазифаи сармураббии дастаи "Далерон – Ӯротеппа"-и Истаравшанро ба зимма гирифт. Ин даста баъд аз анҷоми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон бо медалҳои биринҷӣ мукофотонда шуд. Баъдан ӯ чанд муддат ба ҳайси сармураббии дастаи “Равшан”-и Кӯлоб кор карда, тобистони соли 2015 ба дастаи “Ҳосилот” рафт ва то имрӯз дар онҷо буд.