“Сел хонаамро бурд” АКС

Сокинони рустои Озодагон дар ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ) мегӯянд, ки сел манзили шаш ҳамсояи онҳоро бурда, даҳҳо хонаву дӯконро таҳти хатар гузоштааст. Ин хабарро мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 23 апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карданд. Навбатдори кумита гуфт, "шаби 22 апрел дар пайи

Ҷиҳозу ҳуҷҷат дар дохили хона буд ва ҳамроҳи сел рафт. Фурсати гирифтани ягон чизро надоштем ва фақат дар ҳоли халос кардани худу фарзандон будем.

омадани сел шаш хонаи истиқоматӣ пурра вайрон шуда, ҳамагӣ ду манзил таҳти хатар аст. Дар ин ҳодиса як манзил қисман зарар дидааст." Ҳамсуҳбати мо аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфт, ки дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ сабт нашуда, вале мақомот дар ҳоли ҳисобу китоби зиёни молии мардум ҳастанд.

Сокинон мегӯянд, сел хонаи Мирзоазиз Назиров, Акбар Раҳмонқулов, Давлатбек Одинаев, Сӯҳроб Раҳмонқулов ва Шодибек Мираковро пурра хароб карда, чанд дӯкону маҳалли чорводориро бурдааст. Як сокини минтақа дар суҳбати телефонӣ гуфт, "аксар манзиле, ки дар канори роҳи селгузар ҳастанд, дар ҳолати садамавианд. Шиддати сел то ҳол паст нашудааст ва роҳҳои мошингарду симчӯбҳои барқро вайрон мекунад."

Соҳибони хонаҳое, ки сел пурра вайрон карда ваё дар ҳолати садамавӣ қарор додааст, гуфтанд, шабро дар хонаи наздиконашон рӯз карданд. Мирзоазиз Назиров, сокини рустои Озодагони Лахш, мегӯяд, сел нимашаби 22 апрел омада, онҳоро ғофилгир кардааст. Ӯ гуфт, хонаводааш бо шунидани садои баланди ба ҳам хӯрдани сангу шиддати баланди об аз хоб бедор шуда, ба берун баромаданд ва танҳо барои гирифтани гаҳвораи тифлашон имкон доштанду бас.

"Гаҳвораро гирифта ба берун баромадем, ки сел ба остонаи дар расида буд ва баъди чанд лаҳза хонаро бурд. Тамоми ҷиҳозу ҳуҷҷат дар хона буд ва ҳамроҳи сел рафт. Фурсати гирифтани ягон чизро надоштем ва фақат дар ҳоли халос кардани худу фарзандон будем”, - нақл кард ӯ. Мирзоазиз мегӯяд, ду сол пеш бо заҳмати зиёд хона бунёд кард, вале ин офати табиӣ насибаашро аз ӯ гирифт. Ҳоло ӯ ҳамроҳи зану фарзандонаш дар манзили падараш ҷой гирифтааст ва намедонад дар куҷо ва ба чӣ шакл дубора хона бисозад.

АКС: Харобкориҳои сел дар се ноҳияи Тоҷикистон

АКС: Харобкориҳои сел дар се ноҳияи Тоҷикистон

Сокинони рустои Озодагони ноҳияи Лахш мегӯянд, дар ҳар манзил аз чаҳор то шаш нафар зиндагӣ мекарданд ва ба ҳисоби пешакӣ беш аз сад нафар бе ҷой монданд ё ки ҷойи иқоматашон дар ҳолати садамавист, ки аз даромадан ба дохилаш ҳарос доранд.

Ҳафтаи равон фаромадани ярч дар ноҳияи Шӯроободи собиқ чандин манзили сокинонро харобу валангор кард. Аз он пештар бар асари омадани сел дар ноҳияи Ашту Айнӣ ва Сангвор роҳҳо, аз ҷумла роҳи 114 миллиондолларии Айнӣ-Панҷакент, вайрон шуданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, қаблан сокинонро аз боришоти зиёду фаромадани ярч дар минтақаҳои куҳӣ хабардор карда буд.

АКС: Ярч дар Шӯрообод панҷ хонаро комилан вайрон кард

Ярч дар деҳаи Порвори Шӯрообод 5 хонаро комилан вайрон кард

Тоҷикистон дар зимистон ва аввали баҳори имсола шоҳиди барфрезӣ ва боронгариҳои шадид буд, ки талафоти ҷонӣ ҳам дар пай дошт. Дар зимистони гузашта бар асари резиши тарма дар манотиқи гуногуни кишвар, ҳудуди 20 нафар ҷон бохтанд. Боронгариҳои ду моҳи ахир дар кишвар низ талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ дар пай дошт. Аз ҷумла, чанд рӯз қабл бар асари фаромадани ярч дар деҳаи Камчаки деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз як зан ва як кӯдак ба ҳалокат расиданд.