Вазира: “Писарам дар Қирғизистон буд. Намедонам, чӣ гуна дар Маскав боздошт шуд”

Наздикону ҳамдеҳагони Аброр ва Акрам Азимовҳо мегӯянд, ба даст доштани онҳо дар таркиши метрои Санкт-Петербург шак доранд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи онҳо, Акрам Азимов аз моҳи март боз барои табобат дар Қирғизистон қарор дошт ва рӯзи 14-уми апрел ҷарроҳӣ шуда буд. Таркиши рӯзи 3 апрел дар дувумин шаҳри бузурги Русия ҷони 16 нафарро рабуд ва тақрибан панҷоҳ тани дигарро маҷруҳ кард.

Дари баста

Рӯзи 14 апрел ӯро ҷарроҳӣ карданд. Аммо 15 апрел кормандони аммният ӯро бо завлонаҳо бо худ бурдаанд. Ман зуд бо адвокат ба раёсати КДАМ дар Ӯш муроҷиат кардам, вале иттилое ба даст оварда натавонистам.

Вазира Мирзоаҳмадова, модари Акрам ва Аброр Азимовҳо, феълан ҳамроҳи писари хурдиаш Билол дар шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон ба сар мебарад. Аммо дари хонаи онҳо чанд рӯз боз баста аст. Бинобар хабарҳои охир, журналистон зиёд безобита кардаанд ва онҳо бо касе суҳбат кардан намехоҳанд. Бо ин вуҷуд, хабарнигори Радиои Озодӣ ба суроғи онҳо рафт ва аз қазия ва зиндагиашон аз наздик ошно шуд.

"Ҳарду хона сохтанӣ буданд"

Билол ба тиҷорат машғул аст ва рӯзи 21-уми апрел гуфт, ки ҳарду бародараш соли 2013 соҳиби шиносномаи Русия шуданд, вале порсол мехостанд, ба Қирғизистон баргашта, хона бунёд кунанд. “Бародарам Акрам дар охири моҳи март ба Қирғизистон баргашт. Ӯ бемории гайморит дошт ва бинобар ин дар бемористони маҳаллӣ машғули муолиҷа буд. Бародарам Аброр низ баргаштанӣ буд ва дуяшон хона сохтанӣ буданд”, - афзуд ӯ.

Вазира Мирзоаҳмадова барвақт аз шавҳараш ҷудо шуда, бо чаҳор фарзанд - се писару як духтар - 15 сол дар хонаи падариаш ба сар бурдааст. Вазира ба танҳоӣ фарзандонро бузург карда, соли 2010 барои ҷустуҷӯи кор аввал ба Украина ва сипас ба Маскав рафтааст.

"Акрамро дар Ӯш боздошт кардаанд, на дар Маскав"

Вай соли гузашта барои ба шавҳар додани духтари ягонааш ба Қирғизистон баргашт ва то ҳол бовар надорад, ки ду писараш барои ташкили инфиҷор боздошт шудаанд. Вай то ба ҳол намефаҳмад, чӣ гуна писараш Акрам, ки барои табобат ба Қирғизистон омада буд, дар Маскав боздошт шудааст.

"Писари калонам Акрам бинобар бемориаш ба Қирғизистон омад ва бинобар бемориаш рӯзи 12 апрел дар яке аз бемористонҳои шаҳри Ӯш бистарӣ шуд. 14 апрел ӯро ҷарроҳӣ карданд. Аммо 15 апрел ӯро бо завлонаҳо кормандони амният бо худ бурдаанд. Ман зуд бо адвокат ба раёсати КДАМ дар Ӯш муроҷиат кардам, аммо иттилое ба даст оварда натавонистам. Баъдан дар телевизион гуфтанд, ки Акрамро дар Маскав боздошт карданд. Лекин дар дасти ӯ на паспорт ва на билет набуд. Ман медонам, ки ҳамаи ин тарҳрезишуда аст ва адолатро талаб мекунам”, - таъкид кард ӯ.

"Депортатсия" баъди боздошт

Азимовҳо мегӯянд, ки Акрам баъди боздошташ аз Қирғизистон ихроҷ шудааст. Пизишки яке аз бемористонҳои Ӯш, ки Акрам дар онҷо аз 12 то 15-уми апрел бистарӣ будааст, гуфт, "воқеан бинии ӯро бинобар бемории гайморит ҷарроҳӣ кардем. Ин ҳама дар варақаи бемориаш сабт шудааст."

Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 15 апрел ба бемористон одамони номаълум омада, худро кормандони амният муаррифӣ карданд ва Акрам Азимовро бо худ бурданд. Баъд аз телевизион саҳнаи боздошти Азимовро дар Маскав нишон доданд.

ВКД: Ин савол ба КДАМ аст

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ин маълумотро на тасдиқ ва на такзиб кард. Бақит Саидов, сухангӯи ВКД ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар бораи ин қазия гапҳои зиёд гуфта мешавад. Агар ин шахс шаҳрванди Қирғизистон бошад, аз Қирғизистон берун бурдани ӯ мумкин нест. Аммо вақте шаҳрванди Русия ба инҷо муваққатан омадааст, ӯро бурдан мумкин аст. Шаҳрванди Қирғизистон бошад, бурдани ӯ ҷараёни дурудароз аст. Мо хабар надорем. Барои ин ба КДАМ муроҷиат кардан даркор аст, ки чунин буд, ё на."

Бобои модарии ин ҷавонон имоми яке аз масҷидҳои бузурги Ҷалолобод будааст. Модарашон Вазира дар мадраса таҳсил кардааст. Одамоне, ки ин оиларо мешиносанд, мегӯянд онҳо пойбанди исломи суннатӣ буданд. Ҳамза Хоҷараҳманов, яке аз ҳамсояҳояшон гуфт, “кӯдакон дар шароити душвор ба воя расиданд, аммо инсонҳои хуб буданд. Ҳеҷ гоҳ надида будем, ки ба наздашон ягон одами ришдор омада бошад. Дар соли 2010 онҳо бо модарашон ба Украина рафта буданд, аммо сари чанд вақт ба инҷо меомаданд. Ҳоло намедонем чӣ гуем. Мумкин ниҳодҳои тафтишот гуноҳашонро исбот карда бошад."

"Дар муҳоҷират нонпазӣ мекарданд"

Ҳамсояи дигари Азимовҳо, ки нахост номаш бурда шавад гуфт, Вазира аз шавҳараш дар ҷавонӣ ҷудо шуда ва фарзандонашро дар шароити душвор бузург кардааст. Вай афзуд, "боре ба хонаашон даромада дида будам, чӣ гуна мағзи нони хушкшударо дар маргарин бирён карда, ба онҳо шӯрбо омода мекард. Вақте кӯдакон бузург шуданд, ба Украина рафтанд. То ҷое мо медонем дар онҷо нон мепӯхтанд. Баъдан онҳо дар Маскав падарашонро ёфта, волидонашонро оштӣ доданд. Соли гузашта ба тӯйи духтараш омада буд. Дар инҷо ҳамчунин модари пири Вазира ба сар мебарад ва барои ҳамин ӯ ба аёдаташ меомад."

Падари хонавода Ахрал Азимов ба матбуот гуфтааст, ки фарзандони ӯ дар ин теракт даст дошта наметавонистанд.

Муфаттишон иддао доранд, ки таркиш дар метрои шаҳри Санкт-Петербургро зодаи 22-солаи Қирғизистон ва шаҳрванди Русия Акбарҷон Ҷалилов анҷом додааст. Ба гуфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия, ин таркишро Аброр Азимов созмон дода, бародараш Акрам низ шарик будааст. Иддаое, ки Азимовҳо рад мекунанд.

Баъд аз ин ҳодиса Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, пешниҳод кард, ки гунаҳкорони терроризм аз ҳаққи шаҳрвандии Русия маҳрум шаванд. Рӯзи 21-уми апрел мақомоти Русия эълон карданд, ки Акбарҷон Ҷалилов, гумонбари асосии ҳамла дар метрои шаҳри Санкт-Петербургро аз ҳаққи шаҳрвандии ин кишвар маҳрум карданд. Ҷалилов соли 2009 санади шаҳрвандии Русияро гирифта буд.