“Гуфтанд, ки акс мегирем, депортатсия мекунем, меравӣ Тоҷикистон”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Аслонбек Ғафуров, аз ноҳияи Қумсангир, ба ваъдаи мақомоти Русия барои афви муҳоҷирони ғайриқонунӣ бовар кард ва хост, бо истифода аз фурсати якмоҳа санадҳояшро қонунӣ кунад. Аммо баъди муроҷиат ба мақомоти муҳоҷират ба бало гирифтор шуд ва ҳоло бо ҳамсару се тифл, аз ҷумла кӯдаки навзод дар боздоштгоҳе дар шаҳри Толятти мунтазири “депортатсия” ё ихроҷ ба Тоҷикистон аст.