Аброр Азимов: "Ба ман амр доданд, ман иҷро кардам"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Суди ноҳияи Басманний дар Маскав рӯзи сешанбе амр дод, Аброр Азимов то рӯзи 3-уми июн дар боздоштгоҳ бимонад. Муфаттишон ӯро яке аз тарҳрезони бомбгузории 3-уми апрел дар метрои шаҳри Санкт Петербург медонанд, ки дар натиҷаи он 15 нафар кушта шуданд.