Тоҷикистон аз Урдун даҳ гол хӯрд

Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон дар бозии чорумаш дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 аз тими Урдун бо ҳисоби бузурги 2:10 шикаст хӯрд. Ин бозии даври чоруми сабқати гурӯҳи “А” имрӯз, 10 апрел, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд.

Мунтахаби Урдун дар нимаи аввали дидор ба дарвозаи дастаи Тоҷикистон ҳафт гол зада, аз дарвозаи худ танҳо як гол гузаронд. Нахуст Стефание Ал-Набер, бозигари меҳмонон, дар дақиқаи 4-ум ҳисобро кушод. Шаҳноз Ҷебрин дар дақиқаҳои 8-ум, 15-ум, 23-юм ва 45+3 ба дарвозаи мизбонон чор тӯб ворид кард. Ду голи дигарро Майса Ҷбараҳ дар дақиқаи 34-ум ва Май Салим дар дақиқаи 45+1 заданд. Як голи мунтахаби Тоҷикистонро дар нимаи аввал Мадина Искандарӣ дар дақиқаи 21-ум бо зарбаи сахт аз масофаи тақрибан 30 метр ба ҳадаф расонд.

Дар оғози нимаи дувуми бозӣ дарвозабони асосии мунтахаби Тоҷикистон Сахина Саидоваро, ки ба иллати латхӯрӣ бозиро идома дода натавонист, Евгения Эйзинберг иваз намуд. Урдуниҳо ӯро маҷбур карданд, ки се бор тӯбро аз тӯри дарвозааш бигирад. Голи ҳаштумро Cтефание Ал-Набер дар дақиқаи 63-юм вориди дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон кард. Голи нӯҳумро Ҳаннон Иброҳим Ал-Кушеҳ дар дақиқаи 69-ум ба самар расонд. Голи даҳум ва ниҳоии мунтахаби Урдунро Абир Алнаҳар дар дақиқаи 81-ум ба дарвозаи мизбонон ворид сохт.

Голи дувуми мунтахаби Тоҷикистонро капитани даста Наталя Сотникова дар дақиқаи 76-ум зад. Вай тӯбро аз ҷаримагоҳи меҳмонон ба тӯри дарвоза ворид намуд. Ба ин тартиб, бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун бо пирӯзии занони футболбози Урдун бо ҳисоби бузурги 10:2 хотима ёфт.

Бозии аввали даври чоруми сабқати гурӯҳи “А” миёни дастаҳои Ироқ ва Имороти Муттаҳидаи Араб, ки имрӯз дар Варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон доир шуд, бо ҳисоби 3:0 ба нафъи ИМА ба охир расид. Голҳоро Ҳуррия Ҳусейн Тоҳирӣ дар дақиқаи 17-ум, Нуф Фалиҳ дар дақиқаи 78-ум ва Салҳа Рашид Убайд Санад дар дақиқаи 87-ум ба ҳадаф расонданд.

Филиппин ба Ҷоми Осиё-2018 роҳ ёфт

Бозии охирини даври чоруми гурӯҳи “А”, ки шаби 10 апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе миёни дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Баҳрайн баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 1:1 ба охир расид.

Ҳамин тариқ, баъди натиҷагирии бозиҳои чор даври мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи “А” мунтахаби Урдун, ки дар ҳамаи чаҳор бозиаш пирӯз шудааст, бо дувоздаҳ имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. Мунтахаби Филиппин, ки дар се бозӣ ғолиб омада, яктоашро мусовӣ кардааст, бо даҳ имтиёз дар мақоми дувум мебошад.

Дастаи Баҳрайн бо панҷ имтиёз дар зинаи сеюм ва мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Араб бо чор имтиёз дар зинаи чорум ҷойгир шудаанд. Мунтахаби Тоҷикистон бо се имтиёз дар зинаи панҷум қарор дорад. Дастаи Ироқ бидуни имтиёз дар зинаи охирин – шашум – ҷойгир шудааст.

Дастаи мунтахаби Урдун, ки ба ҳайси мизбони Ҷоми Осиё-2018 мустақиман ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳ ёфтааст, дар сабқати интихобӣ берун аз озмун иштирок дорад. Агар Урдун ғолиби гурӯҳ шавад, он гоҳ дастае, ки дар гурӯҳи “А” ҷойи дуюмро мегирад, ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ меёбад. Мунтахаби Филиппин новобаста аз натиҷаи бозии охиринаш бо Урдун ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2018 роҳхат гирифт.

Ба ғайр аз Урдун ва Филиппин, инчунин се дастаи беҳтарини мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки соли 2014 дар Ветнам доир шудааст, яъне Ҷопон, Австралия ва Чин, ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ мушарраф гаштаанд. Боз се дастаи ғолиби се гурӯҳи дигари мусобиқаи интихобӣ ба панҷ дастаи зикршуда ҳамроҳ шуда, соли оянда дар марҳилаи ниҳоӣ барои Ҷоми Осиё мубориза мебаранд.​

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббии даста Сулаймон Бобокалонов дар нахустин бозиаш бар тими Ироқ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Вале бонувони футболбози тоҷик дар се бозии дигар аз тими Баҳрайн бо ҳисоби 0:4, аз дастаи Филиппин бо ҳисоби 0:8 ва аз дастаи Урдун бо ҳисоби 2:10 шикаст хӯрданд. Мунтахаби Тоҷикистон бозии охиринро 12 апрел бо мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Араб анҷом медиҳад, вале натиҷаи ин бозӣ дигар аҳамият надорад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Урдун

4

4

0

0

32-2

12

2

Филиппин

4

3

1

0

17-1

10

3

Баҳрайн

4

1

2

1

6-8

5

4

ИМА

4

1

1

2

4-11

4

5

Тоҷикистон

4

1

0

3

3-22

3

6

Ироқ

4

0

0

4

0-18

0

Тақвими бозиҳои боқимонда

Даври 5-ум

12 апрел (чоршанбе)

13:00 – Урдун – Филиппин

16:00 – ИМА – Тоҷикистон

19:00 – Баҳрайн – Ироқ