Дар ҳоле, ки кишварҳои ғарбӣ фишорҳоро алайҳи Русия барои пуштибониаш аз Башор Асад бештар кардаанд, муттаҳидони ҳукумати Дишишқ таҳдид кардаанд, ки ба ҳар гуна "таҷовуз" ба хоки Сурия, посух хоҳанд дод.
Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико чанд рӯз пеш аз сафари худ ба Маскав, таъкид кардааст, ки ҳукумати Сурия бинобар пуштибонии Русия тавонист, даст ба ҳамлаи кимиёвӣ алайҳи мардуми худ бизанад, зеро Русия дар иҷрои тавофуқномаи соли 2013 барои халъи силоҳи кимиёвии Сурия ноком будааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вазири умури хориҷии Амрико ҳамзамон таъкид кардааст, ки ба бовари ӯ "нокоми аслӣ" дар инҷо Русия аст, ки ба ӯҳдадориҳояш дар мавриди тавофуқи вобаста ба силоҳҳои кимиёвӣ дар соли 2013, амал накард. Дар соли 2013 ба дунболи як ҳамлаи кимиёвӣ дар минтақаи Ғута, ки гуфта мешуд аз сӯи нерӯҳои артиши Сурия анҷом шуд, Амрико ва Русия барои поксозии Сурия аз силоҳҳои кимиёвӣ тавофуқ карданд.
Вазири умури хориҷии Амрико, ки қарор аст рӯзи чаҳоршанбе барои гуфтугӯ бо мақомоти Русия ба Маскав сафар кунад, рӯзи 9 апрел дар ба телевизиони ABC гуфтааст, ки сафари ӯ ба Русия дар мавзеи низомии ИМА дар баробари Сурия тағйире эҷод намекунад.
Русия мегӯяд, ки аз байн бурдани ҳама захираҳои силоҳҳои кимиёвӣ аз сӯи Созмони манъи густариши силоҳҳои кимиёвӣ, сабт шуда ва воқеият мебошад. Русия бо вуҷуди нишонаҳои рӯшан, ки даст доштани артиши Сурия дар ҳамлаи ахири кимиёвӣ дар шаҳри Хон Шайхунро собит месозад, мегӯяд, ки ин ҳамла аз сӯи мухолифони режими Башор Асад сурат гирифтааст.
Рӯзи 4 апрел бар асари ҳамлаи кимиёвӣ ба шаҳри Хон Шайхуни вилояти Идлиби Сурия наздик ба 70 тан кушта шуданд, ки шумораи зиёди онҳо занон ва кӯдакон буданд. Амрико ҳукумати Башор Асадро масъули ин ҳамла донист ва чанд рӯз баъд аз ин раиси ҷумҳур Доналд Трамп фармони ҳамлаи мушакӣ ба яке аз пайгоҳҳои ҳавоии Сурияро содир кард.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳукумати Сурия даст доштан дар ҳамлаи кимиёвӣ дар Хон Шайхунро рад кардааст. Эрон ва Русия -- ду муттаҳиди аслии ҳукумати Башор Асад ҳамлаи мушакии Амрико ба пойгоҳи низомии Сурияро нақзи қонунҳои байналмилалӣ гуфтаанд. Ҳасани Рӯҳонӣ ва Владимир Путин, раиси ҷумҳури Эрон ва Русия рӯзи 9 апрел дар тамоси телефонӣ ин ҳамларо "таҷовузкорона" ва "ғайри қобули қабул" хонданд.
Дар айни ҳол, Русия қаблан аз забони сухангӯи раёсати ҷумҳури ин кишвар таъкид кардааст, ки ҳамлаи мушакии Амрико, ба равобит миёни ду кишвар таъсир хоҳад гузошт. Ба ин масъала рӯзи якшанбе мушовири амнияти миллии Амрико ишора кард ва ба телевизиони Fоx News гуфтааст, ки раҳбарони Русия аз "як режими одамкуш" ҳимоят мекунанд ва рафтори онҳо ба равобити ду кишвар таъсир мегузорад.
Бисёре аз ҳампаймонҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҳамлаи мушакии ин кишвар ба пойгоҳи ҳавоии Сурия ҳимоят карданд. Борис Ҷонсон, вазири умури хориҷии Бритониё гуфт, ки сафараш ба Русияро, ки қарор буд, рӯзи 10-уми апрел сурат бигирад, бо назардошти онки таҳҳавуллот дар Сурия “вазъро усулан тағйир додааст”, лағв мекунад.
Муфаттишони ҷиноятҳои ҷангӣ дар Созмони Милал ба тафтиши ҳамлаи эҳтимолии кимиёвӣ дар Сурия шурӯъ кардаанд. Стаффан де Мистура, фиристодаи хоси созмон барои Сурия гуфтааст, тамоми аломатҳо баёнгари он аст, ки ҳамла, “ҳамлаи кимиёвӣ буд ва аз ҳаво сурат гирифтааст.”
Ба гуфтаи нозирони ҳуқуқи башар, дар ҳамла ба шаҳри Хон Шайхуни вилояти Идлиб, ки дар дасти шӯришиён аст, 86 нафар кушта шуданд. Дар умум дар ҷанги дохилии Сурия, ки моҳи марти соли 2011 баъди тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ шурӯъ шуд, то кунун бештар аз 320 ҳазор нафар кушта шудаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад