Пирӯзӣ баъди ҷазо. Комроншоҳ дар Анталия дувум шуд

Комроншоҳи Устопириён ҳангоми тамрин дар бозиҳои олимпӣ дар Рио Де Жанейро дар моҳи августи соли 2016.

Паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо бо номи “Grand-Prix Antalya 2017”, ки рӯзҳои 7-9 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, мақоми дувумро касб кард.

Дар ин мусобиқаи пурнуфуз 252 варзишгар (155 мард ва 97 зан) аз 34 кишвари ҷаҳон ширкат дошт. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон се гуштигир шомил буд: Хаёмиддин Ҷабборов (-73 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Саидҷалол Саидов (-100 кг).

Комроншоҳи Устопириён дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило дар даври аввал озод буд. Баъдан ӯ дар ду қувваозмоӣ бар рақибонаш Батуҳан Ефемгил аз Туркия ва Ҳае Ҷо Ҷунг аз Кореяи Ҷанубӣ пирӯз шуда, ба нимфинал роҳ ёфт. Комроншоҳ дар даври ниманиҳоӣ бар Магомед Магомедови русиягӣ ғолиб омад ва ба финал баромад. Вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз гуштигири муғул Алтанбагана Гантулга мағлуб гашт ва мақоми дувумро соҳиб шуд.

Паҳлавони дигари тоҷик Хаёмиддин Ҷабборов, ки дар вазни то 73 кило дар нахустин қувваозмоияш бар Куштрим Гашӣ аз Косово ғолиб омад, дар даври баъдӣ аз Тоҳар Бутбул аз Туркия мағлуб гашт. Саидҷалол Саидов бошад, дар вазни то 100 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум аз Ниёз Илёсови русиягӣ шикаст хӯрд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 9 медал (4 тилло ва 9 биринҷӣ) мақоми аввалро азони худ кард. Мунтахаби Қазоқистон бо касби 6 медал (2 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) дувум шуд. Мунтахаби Косово бо касби 2 медали тилло дар ҷойи севум қарор гирифт. Дастаи Тоҷикистон бо як медали нуқра дар байни 34 кишвар мақоми 13-умро соҳиб шуд.

Ғолибону ҷоизадорони Гран-прии ҷудо дар Анталия:

Мардон
60 кг

1. ҚИРҒИЗБОЕВ Гусман (Қазоқистон)
2. ОЗЛУ Бекир (Туркия)
3. БАЯРАА Амартувшин (Муғулистон)
3. КАБА Аҳмад Саин (Туркия)

66 кг
1. АБДУҶАЛИЛОВ Абдулло (Русия)
2. РИСМАМБЕТОВ Бектур (Қирғизистон)
3. ДАВААДОРИ Тумурхулег (Муғулистон)
3. ШМАИЛОВ Баруч (Исроил)

73 кг
1. ФАРМОНОВ Мирзоҳид (Ӯзбекистон)
2. ВАНЛИУҒЛУ Ҳасан (Туркия)
3. БУТБУЛ Тоҳар (Исроил)
3. ҲАЙДАРОВ Ҳидоят (Озарбойҷон)

81 кг
1. СЕМЁНОВ Станислав (Русия)
2. СОНГ Минки (Кореяи Ҷанубӣ)
3. ХАБАЧИРОВ Мурод (Русия)
3. НЯМСУРЕН Дагвасурен (Муғулистон)

90 кг

1.ГАНТУГЛА Алтанбагана (Муғулистон)

2.УСТОПИРИЁН Комроншоҳ (Тоҷикистон)

3.КУКОЛҶ Александр (Сербия)

3.Магомедов Магомед (Русия)

100 кг

1.БУСУЛТАНОВ Адлан (Русия)

2. РАКОВ Максим (Қазоқистон)

3.ИЛЁСОВ Ниёз (Русия)

3.МАММАДОВ Элхан (Озарбойҷон)

+ 100 кг

1.КРПАЛЕК Лукас (Ҷумҳурии Чех)

2.КРАКОВЕТСКИЙ Юрий (Қирғизистон)

3.КУЛУМ Зарко (Сербия)

3.ТУМЕНОВ Мӯсо (Русия)

Пирӯзиҳои дигар дар Фаронсаву Олмон

Варзишгарони тоҷик рӯзҳои 11-12 феврал дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо бо номи “Paris judo Grand Slam” (“Тоскулоҳи бузурги ҷудо”) дар пойтахти Фаронса - Порис – ширкат доштанд. Аз байни чаҳор паҳлавони тоҷик танҳо натиҷаи Комроншоҳи Устопириён хубтар буд.

Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило дар ду қувваозмоӣ бар рақибонаш аз Канада ва Финляндия пирӯз шуд, вале баъдан аз Хинзао Ченг аз Чин ва Бека Гвиниашвили аз Гурҷистон мағлуб гашт ва дар натиҷа ҷойи ҳафтумро соҳиб шуд.

Баъдан паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо бо номи “Grand-Prix Dusseldorf 2017”, ки рӯзҳои 24-26 феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон баргузор шуд, ширкат карданд.

Дар ин мусобиқаи пурнуфуз ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон шаш гуштигир шомил буд, ки аз байни онҳо боз ҳам Комроншоҳи Устопириён натиҷаи хубтар ба даст овард. Ӯ дар ду қувваозмоӣ бар рақибонаш аз Литва ва Фаронса пирӯз шуда, баъдан аз Бека Гвиниашвили аз Гурҷистон ва Даики Нишияма аз Ҷопон мағлуб гашт ва дар натиҷа ҷойи ҳафтумро соҳибӣ кард.

Танбеҳ барои рафтори ношоиста

Комроншоҳи Устопириён рӯзи 28-уми март барои дашном додан дар мусобиқае дар "Наврӯзгоҳи пойтахт" то моҳи апрели соли 2019 аз иштирок дар ҳамагуна мусобиқаҳои гуштии миллӣ дар кишвар маҳрум шуд. Мусобиқаи гуштии "Ҷоми Пойтахт – 2017" рӯзи 23 март дар “Наврӯзгоҳ”-и Душанбе баргузор шуд ва дар рақобати ниҳоӣ дар вазни аз 80 кило боло Комроншоҳи Устопириён бо Саидҷалол Саидов вориди қувваозмоӣ гардид.

Довар барои як огоҳие, ки Комроншоҳ дар аввали бозӣ гирифта буд, Саидҷалол Саидовро баранда эълон кард. Дар наворҳои нашршуда дида мешавад, ки баъдан Комроншоҳи Устопириён дар ҳоли рафтан ба маросими ҷоизасупорӣ бо ишораи даст дашном медиҳад. Бисёре аз шоҳидони мусобиқа гуфтанд, ки дар ин қувваозмоӣ пирӯзӣ насиби Комроншоҳ буд, вале зоҳиран довар нодида гирифтааст.