Додгоҳе дар шаҳри Маскав – пойтахти Русия – як шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистонро ба гумони ҳамдастӣ дар таркиши метрои шаҳри Санкт-Петербург то 3 июни имсол ба ҳабс гирифтааст. Аз ин шаҳрванди Тоҷикистон Содиқ Ортиқов ном бурда мешавад ва додраси Додгоҳи ноҳияи Басманная рӯзи 7 апрел гуфтааст, ки аз манзили ӯ маводи тарканда ва тиру туфангча ёфтаанд. Додгоҳҳои Русия қарори ҳабси ҳафт гумонбари дигар барои ҳамдастӣ дар таркиши Санкт-Петербургро низ содир кардаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бисёр вақт шаҳрванди Тоҷикистон мегӯянд, вале баъди пайгирӣ маълум мешавад, ки шаҳрванди кишвари мо нест.
Сафорат: "Ҳанӯз маълум нест, ки Ортиқов шаҳрванди Тоҷикистон аст"
Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 7 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, шаҳрванди Тоҷикистон будани Содиқ Ортиқов ҳоло тасдиқ нашудааст. Ӯ гуфт, бар асоси қонунҳои Русия вақте шаҳрванди як кишвар бо иттиҳоме боздошт мешавад, фавран сафорат дар ҷараён гузошта мешавад, аммо то ҳол ҳеч мақом дар ин бора бо сафорати Тоҷикистон тамос нагирифтааст.
"Мо инро пайгирӣ дорем, вале дақиқ нашудааст, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон аст. Дар гузашта низ чунин ҳолатҳо рух дода буд. Дар таркиши метрои Санкт-Петербург низ гуфта буданд, ки шаҳрванди Тоҷикистон маҷрӯҳ шудааст, вале баъдан маълум шуд, ки шаҳрвандони кишвари мо дар онҷо набудаанд. Бисёр вақт шаҳрванди Тоҷикистон мегӯянд, вале баъди пайгирӣ маълум мешавад, ки шаҳрванди кишвари мо нест”, - афзуд ӯ.
Ошпазе дар қаҳвахонаи "Лесное"
Хабаргузории "Интерфакс" мегӯяд, Содиқ Ортиқов оиладор ва соҳиби фарзанд буда, дар қаҳвахонаи “Лесное” ба ҳайси таббох ё ошпаз кор мекард. Худи ӯ дар мурофиаи 7 апрел гуфтааст, ба таркиши Санкт-Петербург ҳеч иртибот надорад ва тамоми маводи дарёфтшуда аз манзили ӯ ба як дӯсташ бо насаби Азизов мутааллиқ буд, ки ҳоло ба дидорбинии наздикон ба ватан рафтааст. Ортиқов гуфтааст, ӯ ҳатто дар артиш хидмат накардааст ва дар бораи маводи тарканда ҳеч маълумот надорад.
Аммо мақомоти Русия гуфтаанд, дар ҷараёни таҳқиқи таркиш дар метрои Санкт-Петербург маълум шудааст, ки Акбарҷон Ҷалилов – муттаҳами аслӣ дар ин ҳодиса – бо иштиркодорон ва созмондиҳандаҳои ҷиноят дар Маскав дар тамос будааст. Хабаргузории “Интерфакс” бо такя ба додраси Додгоҳи Басманная мегӯяд, ки Ҷалилов бо Содиқ Ортиқов пайваста тамоси телефонӣ доштааст.
Боздошти ҳашт гумонбар
Таркиши рӯзи 3 апрел дар метрои шаҳри Санкт-Петербург 14 кушта ва беш аз 50 захмӣ боқӣ гузошт. Мақомоти тафтишотии Русия гуфтанд, ки ин таркишро як зодаи 22-солаи Қирғизистон Акбарҷон Ҷалилов анҷом додааст. Ҳоло таҳқиқи қазия идома дорад ва то кунун ҳеҷ гурӯҳ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифтааст.
Ба дунболи ин ҳодиса рӯзи 6 апрел Кумитаи тафтишотии Русия хабар дод, ки ҳашт гумонбар - шаш нафар дар Санкт-Петербург ва ду тани дигар дар Маскавро боздошт карданд, ки якеи онҳо Содиқ Ортиқов ва дигарӣ Шоиста Каримова будааст. Ба огаҳии кумита, аз манзили зисти онҳо маводи таркандае пайдо шудааст, ки ҳамсони онро 3 апрел дар истгоҳи "Плошад Восстания"-и Санкт – Петербург пайдо ва безарар гардонда буданд.
Акбарҷон Ҷалилов - аз Қирғизистон то Русия
Акбарҷон Ҷалилови 22-сола, муттаҳами аслӣ дар таркиши Петерубрг, дар шаҳри Ӯши Қирғизистон таваллуд шуда, соли 2011 бар асоси аризаи падараш соҳиби шиносномаи Русия шудааст. Баъдан ӯ ба Санкт-Петербург кӯчида, дар ошхонаи як фурӯшгоҳ бо ошпазӣ ва дар як коргоҳи дигар бо таъмири мошин машғул будааст.
Модари Акбарҷон Ҷалилов, ҷавони муттаҳам дар таркиши метрои шаҳри Санкт-Петербург, рӯзи 5 апрел ба онҷо рафт ва ӯро дар фурудгоҳ хабарнигорону дастгоҳҳои наворбардорӣ пешвоз гирифтанд. Аз модари Ҷалилов пурсиданд, ки то куҷо ба гунаҳкор будани писараш бовар дорад. Зан ба нишони нобоварӣ ба ин иттиҳом сарашро ҷунбонд. Ӯ дигар ба ҳеҷ саволи журналистон посух надод ва танҳо як дафъа гуфт, ки "чизе намедонад".