Бозиҳои даври панҷуми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 8-10 апрел баргузор мешаванд. Дар бозии марказии даври навбатӣ рӯзи 10 апрел пешсафи ҷадвали мусобиқа - «Ҳосилот»-и Фархор, ҷоизадори нуқраи мусобиқаи порсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон, бо дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони феълии кишвар, рақобат мекунад.
Рӯзи шанбе ду бозии даври панҷум миёни дастаҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа – “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд -«Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ барпо мегардад. Як бозии дигари ин давр байни дастаҳои ССКА «Помир»-и Душанбе ва “Барқчӣ»-и Ҳисор рӯзи якшанбеи 9 апрел доир хоҳад шуд.
Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа «Ҳосилот” бо 9 имтиёз дар зинаи аввал, «Регар-ТадАЗ» ва “Панҷшер” бо 5-имтиёзӣ бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум қарор доранд. «Истиқлол», ки ду бозӣ камтар кардааст, бо 4 имтиёз дар ҷойи чорум мебошад.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Ҳосилот» (Фархор) |
4 |
3 |
0 |
1 |
7-3 |
9 |
2 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
4 |
1 |
2 |
1 |
2-2 |
5 |
3 |
«Панҷшер» (Балхӣ) |
4 |
1 |
2 |
1 |
2-4 |
5 |
4 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
2 |
1 |
1 |
0 |
6-0 |
4 |
5 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
3 |
1 |
1 |
1 |
3-2 |
4 |
6 |
«Барқчӣ» (Ҳисор) |
4 |
1 |
1 |
2 |
2-8 |
4 |
7 |
ССКА «Помир» (Душанбе) |
3 |
0 |
3 |
0 |
0-0 |
3 |
8 |
«Вахш» (Қӯрғонтеппа) |
4 |
0 |
2 |
2 |
0-3 |
2 |
Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 3 тӯб, Дмитрий Барков («Истиқлол»), Агблей Ҷонс («Ҳосилот»), Фирӯз Раҳматов («Регар-ТадАЗ»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 2-тӯбӣ.
Даври 5-ум:
8 апрел (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:00
«Вахш» – «Регар-ТадАЗ»
«Хуҷанд» – «Панҷшер»
9 апрел (якшанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:00
ССКА «Помир» – «Барқчӣ»
10 апрел (душанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:00
«Ҳосилот» – «Истиқлол»