Кулчагазон – Гусели даҳҳо ҷавон ба сафи артиши Тоҷикистон
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Даҳҳо сокини вилояти Хатлон писарони худро бо баргузории маросими кулчагазон ба сафи артиш фиристоданд. Мақомоти Хатлон гуфтанд, ки ин ҷавонон ихтиёрӣ ба артиш мераванд, ҳарчанд ҳолатҳои сарпечӣ аз хидмат ҳанӯз ҳам ҳаст. Бо ин вуҷуд, на ҳамаи модарон дар маросими кулчагазон хушнуд ба назар мерасиданд. Дар чашми модаре, ки дар майдон мерақсид, ашк ҳувайдо буд ва маълум нест, ашки шодист ё ашки нигаронӣ аз сарнавишти писар, ки аз артиш солим бармегардад, ё не.