Шералӣ Мирзо: Ҳузури ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" дар наздикии марз мояи нигаронист

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шералӣ Мирзо – вазири дифои Тоҷикистон – ҳузури гурӯҳҳои мусаллаҳ, ба монанди Толибону “Давлати исломӣ” дар шимоли Афғонистонро хатаре ба амнияти кишвар донист. Вай рӯзи 30 март, дар поёни тамрини муштараки нирӯҳои Тоҷикистону Русия дар размоишгоҳи “Ҳарбмайдон”-и ноҳияи Қубодиён, гуфт, вале нирӯҳои мусаллаҳ барои муқобала бо ҳамагуна гурӯҳҳо омода ҳастанд. Размоиши густардаи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистону Русия давоми чор рӯз идома карда, дар ҷараёни он ҳудуди 50 ҳазор нафар иштирок карданд.