Падар мегӯяд, писарашро дар артиш куштаанд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Додгоҳи Душанбе як афсари нирӯҳои марзбониро дар марги сарбоз Ҷаҳонгир Қурбонов айбдор донист ва ба 9 соли ҳабс маҳкум кард. Ҳукми Ёрибек Саидов рӯзи 28 март содир шуд. Ба гуфтаи муфаттишон сарбоз гӯё ба таҳқирҳо тоб наоварда худро куштааст, падараш мегӯяд, ба ин гуфта бовар надорад.