Профессор Ланд: Аз хориҷ рафтани ҷавонон нигарон набошед

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Профессор Тиит Ланд – раиси Донишгоҳи Таллинн – барои даъвати ҷавонони тоҷик ба таҳсил дар донишгоҳҳои Эстония ба Душанбе омадааст. Вай рӯзи 28 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бо намояндагони Донишгоҳи миллӣ мулоқот кардааст ва роҳи ҳамкории онҳо то ҳадде ҳамвор шуд.