Бонки Миллӣ аз тарси болоравии қиматҳо сиёсати пулиро тағйир дод

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бонки Миллии Тоҷикистон аз бими афзоиши таваррум ва боло рафтани қимати молу коло меъёри бозтамвилро якбора 3.5 фоиз боло бурд, ки дар гузаштаҳо бисёр кам дида шудааст. То рӯзи 20-уми март, меъёри бозтамвил дувоздаҳу аз даҳ панҷ фоизро ташкил медод, ҳоло ба 16 дар сад расид.